06:07 22 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Вазорати хориҷаи Омрико. Акс аз бойгонӣ

Амрико будҷаи Тоҷикистонро шаффоф намешуморад

© Flickr/ tom.arthur
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Таҳлилгарони вазорати хориҷаи Амрико будҷаи Тоҷикистонро ба далели адами иттилоъи кофӣ дар бораи харҷу даромади ҳар як вазоратхона ба сурати кофӣ шаффоф ва мутобиқ ба меъйрҳои байналмиллалӣ намедонанд.

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Тоҷикистон дар будҷаи худ иттилоъ дар бораи даромад ва харҷи маболиғи давлатиро ошкор намекунад, омадааст дар гузориши вазорати хориҷаи Амрико "Fiscal Transparency Report".

Будҷаи Тоҷикистон ба сурати кофӣ шаффоф набуда ва дар он маболиғи даромад ва харҷи ҳар як вазоратхона рӯшан нашудааст, таъкид мешавад дар гузориши вазорати хориҷаи Амрико.

"Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст тамоми иттилоъот дар бораи бозрасиҳои молии сохторхои давлатӣ аз сӯйи ниҳоди мустақили назорати молиро ошкор кунад. Тоҷикистон ҳамзамон бояд ҷамъияти кишварро ба раванди таҳияи будҷа ва мушшахасоти бештаре аз махориҷи худро эълом кунад", — омадааст дар гузориш.

Дар ин гузориш шаффофияти будҷаҳои 140 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудааст. Тоҷикистон ба феҳрасти 50 кишвари ҷаҳон ворид шудааст, ки будҷаи онҳо бозгӯйи муқаррароти ҳадди ақали шаффофият нест.

Ба эътиқоди муаллифони гузориш ба ин феҳраст Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Алҷазоир, Яман, Украина ва Чин шомил ҳастанд.
Ба муқаррароти ҳадди ақали шаффофият будҷаҳои Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Африқои Ҷанубӣ, Эстония ва дигарҳо ҷавобгӯ ҳастанд.

"Шаффофияти молӣ шарти муҳимест барои раҳбарии муассири маболиғи давлатӣ ва имкон медиҳад, ки боварӣ ба бозор бештар шуда шароитро барои устувории иқтисодӣ фароҳам мекунад. Шаффофияти раванди таҳияи будҷа ба шаҳрвандони ҳар кишвар имкон медиҳад, ки масъулияти мақомоти давлатиро назорат кунанд" — омадааст дар гузориш.

Ба эътиқоди муаллифони гузориш, вазъи дар миёни кишварҳое, ки будҷаҳояшон шаффоф нестанд, тақрибан яксон мебошад. Ба унвони мисол, дар Ӯзбакистон тарҳи будҷа дар мақомоти қонунгузор ошкоро баррасӣ намешавад ва танҳо абзори умумӣ дастраси умум аст ва мушшахасоти даромад ва харҷи ҳар як вазоратхона эълом намешаванд.

"Иттилоъ дар бораи истихроҷ ва содироти он ба хориҷ аз кишвар дар Ӯзбекистон барои умум дастрас нест. Ҳарчанд меъёрҳои иттихози қарордодҳои захоири табиъӣ ба ҳама дастрас аст, вале раванди дастёбӣ ба қарордодҳо дар амал шаффоф нест", — таъкид мекунанд муаллифон.

Чин ҳарчанд ҳамасола асноди марбут ба будҷаро мунташир мекунад, вале мақомоти ин кишвар куллия сармоягузории худ ва суди корхонаҳои давлатиро эълом намекунад.

"Ба ғайр аз ин, ниҳоди олии бозрасиҳои молии Чин, ки бозрасии молии куллия сохторҳои давлатиро анҷом медиҳад, ниҳоди мустақил маҳсуб намеёбад, зеро мустақиман ба Шӯрои давлатии Чин итоъат мекунад", — таъкид мешавад дар гузориш.

Барчаспҳо:
интиқод аз адами шаффофияти будҷа, вазорати хориҷаи Омрико, Вазорати молия, Омрико, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ