23:58 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Русия имрӯз. Акс аз бойгонӣ

Будҷаи RT ва хабаргузории “Русия имрӯз” бо доллар ду баробар коҳиш ёфт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Мудири бахши сиёсати бузург дар арсаи расонаҳои Вазорати мухобирот Екатерина Ларина иттилоъи расонаҳо мабни ба он ки будҷаи RT ва хабаргузории “Русия имрӯз” дар чорчӯби сармоягузории изофӣ дар соли 2015 23 миллиард рубл мегиранд, радд кард.

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Сармоягузории ҳазинаи шабакаи телевизионии Russia Today (RT) ва хабаргузории "Русия имрӯз" ба ҳисоби арзӣ дар муқоъиса бо соли 2014 беш аз ду маротиба коҳиш ёта ва ин раванд идома хоҳад дошт, гуфтааст Ларина ба РИА Новости.

Рӯзи панҷшанбе РБК матлабе мунташир кард, ки дар он иддаъо мешавад хазинаи барномаи "Ҷомеъаи иттилоъотӣ" ба 44,7 миллиард рубл зиёд мешавад. Ва гӯиё 23 миллиард рублро аз ин маблағ барои "дифоъи манофеъи миллӣ" ба шабакаи телевизионии RT ва хабаргузории "Русия имрӯз" иттихоз медиҳанд.

Дертар РБК эълом кард, ки зимни таҳияи матлаб дар бораи сармоягузории расонаҳо ба иштибоҳ роҳ додааст.

"Дар мавриди ду ширкат иттилоъ носаҳеҳ ироъа шудааст. Ин будҷаи умумӣ аст, на сармоягузории изофӣ. Муштарак кардани ду ширкат ва будҷаи ба тасвибрасидаи онро сармоягузории изофӣ гуфтан комилан нодуруст аст", — гуфт Ларина.

Ба гуфтаи вай, ҳам RT ва ҳам "Русия имрӯз" умдатан дар хориҷи кишвар фаъъолият доранд ва махориҷи онҳо бо арз сурат мегирад. "Дар соли ҷорӣ сармоягузории ин корҳо, агар бо арз ҳисоб кунем, ду маротиба коҳиш меёбад", — таъкид дошт вай.

Тибқи оморе, ки вай пешниҳод кард, дар соли 2014 будҷаи RT ҳудуди 445 миллион доллар буд (тибқи қиммати 30,5 рубл барои як доллар), дар соли 2015 — 236 миллион доллар (як доллар 65 рубл). Будҷаи "Русия имрӯз" дар соли 2014 (бо дарназардошти сармоягузории "РИА Новости" ва "Садои Русия") 250 миллион доллар буд ва дар соли 2015 то ба 99,7 миллион доллар коҳиш меёбад, ҳисоб кард Ларина.

"Ҳатто агар тибқи иттилоъи РБК ду ширкатро муштарак кунем (RT ва "Русия имрӯз") коҳиши беш аз ду маротиба — аз 695 миллион доллар то 335 миллион долларро мебинем" — таъкид дошт мудири бахш.

Вай ёдовар шуд, ки хабаргузории "Русия имрӯз" дар асоси хабаргузории РИА Новости ва шабакаи радиоии "Садои Русия" таъсис шуда буд. Будҷаи "Русия имрӯз" нисбат ба сармоягузории маъмулии ду ташкилоти барҳамхӯрда ба сурати назаррас камтар буд.

Ба гуфтаи вай, маблағи зикршудаи 23 миллиард рубл дар чорчӯби "Ҷомеъаи иттилоъотӣ" зимни коҳиши махориҷи будҷа кам мешавад. "Мизони сармоягузорӣ фарқ хоҳад кард, зеро ин барнома то оғози коҳиши феълии махориҷи будҷа рӯйи даст гирифта шуда буд", — гуфт вай.

"Вазъи будҷа басуръат ба наҳваи манфӣ тағйир меёбад. Ва ҳоло дар бораи арқоми ин барномаҳо сӯҳбат кардан кори дуруст нест. Ҳоло вазъ ҳамарӯза тағйир меёбад", — хулоса кард Ларина.

Мавзуъ

Ордени КПР ба сарвари кулли ОИБ “Россия сегодня” тақдим гардид
Беҳтарин аксҳои ОИБ "Россия сегодня" дар соли 2014
Барчаспҳо:
коҳиши будҷа, "Русия имрӯз", Екатерина Ларина, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ