М. Кабирӣ: ҷомеъаи Тоҷикистон зидди тундгароӣ аст

© "Россия для всех"Муҳиддин Кабирӣ дар ҳамоиши эътирозӣ дар Грозний
Муҳиддин Кабирӣ дар ҳамоиши эътирозӣ дар Грозний - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, амали танзгарони фаронсавӣ ба эҳсосоти мазҳабии мусалмонони кишвар расиданд.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Сокинони Тоҷикистон зидди тундагроии мазҳабӣ аст, вале ҳамзамон аз амали хабарнигорони фаронсавӣ эътироз карда, худро таҳқиршуда медонанд, гуфтааст раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба сойти "Россия для всех" баъд аз анҷоми ҳамоиши 19-уми январ дар Грозний.

Ин ҳамоиш аз сӯйи муфтиёти Ҷумҳурии Чеченистон ба хотири интиқод аз нашри расмҳои танзомез ба пайёмбар Муҳаммад баргузор шуд.
Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) таъкид кард, ки ҷомеъаи Тоҷикистон зидди тундгароии мазҳабӣ аст ва қатли хабарнигоронро маҳкум мекунад, вале дар умум аз амали танзгарони "Шарли Эбдо" пуштибонӣ намекунад, зеро худро таҳқиршуда медонанд.

"Қатл ҳатто агар он ба хотири мазҳаб ва ё ҳифзи муқаддасоти он сурат гирифтаанд, маънӣ надоранд. Ҳамзамон аъмоли иғвогарона, ки зери ниқоби озодии баён ва демукросӣ ба таҳқири эҳсосоти шаҳрвандон ва мазҳабиён равона шудаанд, маънӣ надорад", — гуфт сиёсатмадор.

Вай ба аҳамият ва зарурати ширкати намояндагони мазоҳиби дигар, бавижа намояндагони калисои ортодокс дар ин ҳамоиш таъкид кард.
"Ин амр нишон медиҳад, ки Русия дар асл кишвари таҳаммулпазир аст ва маҳз ба таҳаммулпазирии раҳбарияти Русия мусалмонон аз имкони ҳифзи муқаддасоти худ ва изҳори назар бархурдоранд. Ин нукта нишони он аст, ки Русия воқеъан кишвари таҳаммулпазир аст, ки ҳамаи адён ҳифз мешаванд", — гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

Раҳбари ҲНИТ ба Грозний бо даъвати расмии порлумони Чеченистон омад, вале дар ҳамоиш ба ҳайси як шахс ширкат кард. Дар чорчӯби сафари расмии худ вай қасд дорад аз Донишгоҳи исломии Грозний дидан ва бо аъзои порлумони Чеченистон мулоқот кунад.

Дар ҳамоиши Грозний ба ҷуз аз сокинони Чеченистон ҳамчунин намояндагони манотиқи дигари Русия ва ҳатто кишварҳои хориҷӣ ширкат карданд. Дар миёни ширкаткунандагон раҳбари Шӯрои муфтиҳои Русия Равил Гайнутдин, раиси Маркази ҳамоҳангсозии мусалмонони Қафқози Шимолӣ Исмоил Бердиев, усқуфи Махачкала ва Грозний Варлаам буданд, ки ҳамзамон суханронӣ ҳам карданд.

Лентаи хабарҳо
0