“Чаҳоргонаи нормандӣ” дар Берлин мавзӯъи Украинаро баррасӣ карданд

© Sputnik / Андрей Бабушкин / Гузариш ба медиабонкБерлин. Акс аз бойгонӣ
Берлин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Натиҷаи муҳими ин нишаст, ки ҳудуди се соъат тӯл кашид, даъвати вазирон барои қатъи амалиёти низомӣ ва канор бурдани лавозимоти ҷангии сангин тибқи масире, ки дар замимаи тавофуқоти Минск аз 12 сентябри соли 2014 муқаррар шудааст, буд.

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Раҳбарони вазоратхонаҳои "чаҳоргонаи нормандӣ" (Русия, Украина, Олмон, Фаронса) рӯзи чаҳоршанбе музокироти "муфид" дар робита ба Украинаро анҷом дода роҳҳои берун рафтани кишвар аз марҳилаи доғи бӯҳронро баррасӣ карданд.

Вазири умури хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штайнмайер қабл аз оғози музокироти укройн ба хабарнигорон гуфт, ки ҷангҳои рӯзҳои ахир дар шарқи Украина собит сохтанд, ки "вазъият вахимтар мешавад". Вай қавл дод, ки вузарои хориҷа дар масъалаи баргузории нишасти "нормандӣ" дар сатҳи олӣ дар Остона талош мекунанд.

Натиҷаи аслии ин нишаст, ки ҳудуди се соъат тӯл кашид, даъвати вазирон барои қатъи амалиёти низомӣ ва канор бурдани лавозимоти ҷангии сангин тибқи масире, ки дар замимаи тавофуқоти Минск аз 12 сентябри соли 2014 муқаррар шудааст, буд.

Дар баёнияе, ки дар анҷоми нишаст пахш шуд, вузарои хориҷа таъкид мекунанд, ки даъвати онҳо барои оташбас "иҷро намешавад ва баръакс, ҷангҳо дар Донбасс сангинтар шуда ба талафоти зиёди ҷонӣ дар миёни сокинони мулкӣ шудааст". Онҳо аз ҳамаи афроди зидахл даъват карданд, ки муқаррароти оташбас комилан риоя шавад.

Ин амал "бояд сареъан хотима ёфта, раванди оташбас барқарор шавад", омадааст дар баёнияи ниҳоӣ.

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров шарҳ дод, ки ин тасмим бозтоби пешниҳоди раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳамтои украинии худ Петр Порошенко аз 15-уми январи соли ҷорӣ аст. Ҷудоихоҳони Донетск ва Луҳанск аллакай нақшаи канор бурдани лавозимоти ҷангии сангинро пуштибонӣ карданд ва Маскав умедвор аст, ки Киев низ ба ин шева рафтор мекунад.

Лентаи хабарҳо
0