09:32 23 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.13
  • EUR10.63
  • RUB0.14
Шӯрои давлатии Қрим. Акс аз бойгонӣ

Дар Қрим дуввумин маркази муҳоҷирон ифтитоҳ мешавад

© Sputnik / Светлана Локян
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Ба Ҷумҳурии Қрим коршиносони хориҷӣ барои кор дар бахши истихроҷи нафту газ зарур аст ва ба ин далел Шӯрои давлатии ҶҚ қарор кард, ки барои ироъаи хадамот маркази дуввуми муҳоҷирон ифтитоҳ шавад.

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар Қрим маркази дуввуми ироъаи хадамот ба муҳоҷирони корӣ боз мешавад, хабар медиҳад РИА Новости.
Ин марказ дар назди Донишгоҳи федероли Қрим фаъъолият хоҳад кард.

Ба гуфтаи раиси кумитаи Шӯрои давлатии ҶҚ Владимир Бобков феълан дар Қрим танҳо як маркази мушобеҳ дар назди Донишкадаи ҷумҳуриявии пасаздипломии омӯзгории Қрим фаъъолият дорад, ки дар кори худ бо мушкилоти мушшахас рӯбарӯ аст.

"Ин марказ вобаста ба мушкилоти таъминоти моливу фаннӣ фаъъолияти чандон муассир надорад. Ҳамчунин мушкилоти амниятӣ низ вуҷуд дорад. Дирӯз бо раҳбарияти ин марказ сӯҳбат доштем ва онҳо изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳамрӯза барои супоридани имтиҳон ба онҳо то 400 нафар муроҷиъа мекунанд. Мусаллам аст, ки ташкили фаъъолияти муъосир дар чунин шароит душвор аст", — гуфт сиёсатмадор дар сӯҳбат бо радиои "Русия имрӯз".

Бобков таъкид дошт, ки феълан Қрим наметавонад аз мутахассисини хориҷӣ, бавижа дар бахши истихроҷи нафту газ даст кашад. Барои сабук кардани фаъъолияти маркази нахустин дар ҷаласа тасмим шуд, ки боз як маркази мушобеҳ таъсис дода шавад.

Тибқи қонун аз 1 январи соли 2015 атбоъи хориҷӣ, ки аз ҳаққи вуруди бидуни визо ба Қрим бархурдоранд, имкон доранд барои дарёфти кор биёянд. Барои ин онҳо муваззафанд дар тӯли як моҳ бар ҷойи патент иҷозаи кор дарёфт кунанд.

Мавзуъ

Назарсанҷӣ: таҳримҳо ба вазъи Украина таъсири манфӣ доштанд
Барчаспҳо:
таъсиси марказ, Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Қрим, Владимир Бобков, Қрим

Мавзӯъҳои асосӣ