23:46 21 феврали 2018
Пахши мустақим
Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ

Раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар бораи ҳаводиси Париж изҳори назар кард

Сергей Гунеев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Ба гуфтаи вай, эътирозот дар Фаронса барои касби эътибори сиёсӣ доир шуданд.

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов зимни суханрониаш дар ҷаласаи нахустини Сенат, ки рӯзи 22-уми январ сурат гирифт, ҳаводиси ахир дар Порижро арзёбӣ кард, хабар медиҳад ca-news.

"Агар ҳаводиси Фаронсаро баррасӣ кунем, пас мебинем, ки ин ҳама намоишкорӣ аст ва барои касби эътибори ночиз рух додаанд, — гуфт вай. — Ба ҳеҷ яке аз адён хуш намеояд, ки ба умури вай мудохила карда эътибори худро аз ҳисоби он боло бубаранд", — гуфт Ислом Каримов.

Каримов таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба ин нукта ҷалб кард, ки "агар дар ҷаҳон раванди сулҳ оғоз шавад, ҳатман як ҳодисаи нохуш рух медиҳад".
Ба гуфтаи вай, чунин аъмолро "популизм" унвон мекунанд ва он ба манзури "боло бардани эътибори хусусӣ, агар хоҳед, барои касби бештари раъйи овоздиҳандагон рух медиҳад".

"Ин ки барои чунин бозиҳо дини мубини ислом истифода мешавад, на дар ин дунё ва на дар он дунё бахшиданӣ нест", гуфт вай.

Аз замони амали террористӣ дар дафтари Charlie Hebdo суди ин маҷалла 10 миллион евро шуд.

Баъд аз қатли кормандони маҷаллаи Charlie Hebdo, дар Париж ва шаҳрҳои дигари Фаронса Раҳпаймоиҳои чандмиллионнафарии ваҳдат сурат гирифтанд.

Дар шаҳрҳои мухталифи Урупо ҳамоишҳои зиддиисломӣ рух доданд.

Дар бархе аз кишварҳои исломӣ ҳамоишҳои худи — алайҳи маҷаллаи Charlie Hebdo баргузор шуданд.

Мавзуъ

Шумораи ҷадиди “Charlie Hebdo” дар Париж субҳи барвақт ба фурӯш рафт
Пайёмбар бо шиъори "Ман Шарли" дар маҷаллаи Charlie Hebdo нашр мешавад
Барчаспҳо:
изҳори назар, сенат, маҷаллаи Charlie Hebdo, Ислом Каримов, Ӯзбекистон, Фаронса

Мавзӯъҳои асосӣ