00:23 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Интихоботи парлумонии пеш аз мӯҳлат дар Юнон

Пирӯзии СИРИЗА дар интихоботи парлумонии Юнон

© Sputnik / Геннадий Мельник
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Баъди пирӯзӣ дар интихоботи порлумонӣ дар Юнон, Алексис Сипрас, раиси ҳизби чапгарои Сиризаи Юнон гуфт, кишвараш “сарфаҷӯии фалокатборро паси сар мегузорад.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Рӯзи 25-уми январ Сипрас дар ин бора дар ҳузури тарафдоронаш сухан гуфт, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Бар асоси шумориши муқаддамотии орои интихобот, ҳизби Сириза 36,3 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст, ки 8.5 дар сад бештар аз орои Ҳизби Демократияи нав ба раҳбарии нахуствазири Юнон Антонис Самарас аст. Бар пояи ҳисоби 99 дар сади овозҳои интихобкунандагон, Ҳизби Сириза дар порлумон 149 вакил хоҳад дошт, вале наметавонад ҳукуматро ба танҳоӣ ташкил кунад, зеро ду курсии дигар намерасад. Аз ин рӯ ҳизб ночор аст, бо ҷалби ҳизбҳои хурд ҳукумати эътилофӣ ташкил кунад. Порлумони Юнон дорои 300 курсӣ аст. Пирӯзии ҳизби Сириза дар интихобот баёнгари норизоиятии мардум аз сарфаҷӯии сахт аз буҷаи давлат аст, ки як шарти асосии наҷоти Юнон аз вартаи муфлисӣ буд.

Сандуқи Байналмилалии Пул, Иттиҳодияи Аврупо, Бонки Марказии Аврупо дар ивази сарфаҷӯии аз буҷаи ҳукумат ба Юнон 357 миллиард доллар қарз доданд. Қарор аст, Алексис Сипрас бо намояндагони ҳизби хурди Юнониҳои мустақил дар бораи ташкили ҳукумат гуфтӯгу кунад, ки ин ҳизб ҳам мухолифи барномаи сарфаҷӯии Юнон аст.

Барчаспҳо:
интихобот, СИРИЗА, Сипрас, Антонис Самарас, Юнон

Мавзӯъҳои асосӣ