21:24 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Сарбози артиши Украина. Акс аз бойгонӣ

Путин: артиши Киев ин легиони НАТО аст

AP Photo/Sergei Chuzavkov
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи афроди ҷанганда дар суфуфи артиши Украина изҳори назар кард. Ҳамчунин вай хабар дод, ки мӯҳлати будубоши атбоъи Украина дар қаламрави Русия метавонад афзоиш ёбад, зеро теъдоди зиёди афроди тозадаъвати артиши Украина ба Русия фирор мекунанд.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Владимир Путин гуфт, ки артиши Украина дар асл легиони НАТО аст, ки ҳимояти манофеъи Украинаро ҳадаф надорад ва мақсадаш ҷилавгирии фаромиллии сиёсии Русия аст, навиштааст РИА Новости.

"Мо дар бисёр маврид артиши Украина мегӯем. Вале дар асл кӣ дар суфуфи он меҷангад? Воқеъан, он ҷо қисман бахшҳои расмии нерӯҳои мусаллаҳ ҳастанд, вале дар бештари маворид онҳо "гурӯҳҳои ихтиёрии миллӣ" мебошанд".

"Дар асл ин аллакай артиш нест, балки легиони хориҷӣ, дар ин маврид легиони НАТО аст, ки ҳеч гоҳ манофеъи миллии Украинаро дунбол намекунад", — гуфт раиси ҷумҳури Русия аснои сӯҳбат бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии "Горний" дар шаҳри Санкт-Петербург.

"Он ҷо ҳадаф комилан дигар аст ва онҳо ҷилавгирии аҳдофи фаромиллии Русияро дунбол доранд, ки бозгӯи аҳдофи миллии халқи Украина нест", — таъкид кард Путин.

Ҳамзамон, сарвари Русия зикр кард, ки эҳтимол дорад мӯҳлати будубоши атбоъи Украина дар қаламрави Русия тамдид шавад, зеро феълан бештаре аз даъватшудагони артиши Украина ба Русия фирор мекунанд.

Дар соли 2015 дар Украина се марҳилаи даъвати шаҳрвандон ба суфуфи артиш дар чорчӯби эъзоми навбатӣ гузаронида мешавад.

Мақомоти Украина дар авоили моҳи апрел дар қисмати ҷанубу шарқи кишвар алайҳи норизоиёни табадуллоти давлатӣ амалиёти низомӣ оғоз карданд.

Тибқи омори ахири СММ, беш аз 5 ҳазор нафар сокинони осоишта қурбонии ин амалиёт шудаанд.

Мавзуъ

Расонаҳо: даъвати ҷаласаи изтирории кумиссиюни НАТО аз сӯйи Украина
Назарсанҷӣ: 66 % фаронсавиҳо мухолифи кӯмаки молиявӣ ба Украина
Сардори Сарситоди Украина аз НАТО ёрӣ мехоҳад
Порошенко бори дигар Русияро дар бӯҳрони Украина гунаҳкор кард
Барчаспҳо:
изҳори назар, донишгоҳи "Горний", НАТО, Владимир Путин, Украина, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ