Раҳбарони Фаронса, Олмон ва Украина хостори сулҳ дар Донбасс мебошанд

© Sputnik / Николай ЛазаренкоСафари раҳбарони Фаронса ва Олмон ба Киев
Сафари раҳбарони Фаронса ва Олмон ба Киев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбарони се кишвар маъмулан муқаррароти тавофуқоти Минск аз 5 сентябри соли 2014-ро такрор карда хостори оташбаси сартосарӣ дар Донбасс шуданд.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Петр Порошенко, Франсуа Олланд ва Ангела Меркел хостори қатъи амалиёти низомӣ дар ҷанубу шарқи Украина, ихроҷи артиши хориҷӣ, канор бурдани аслиҳаи сангин ва озод кардани асирон шуданд, хабар медиҳад РИА Новости.

"Се раҳбар аз ҷонибҳои даргирро ба оташбаси сареъ, ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ аз қаламрави Украина, канор бурдани аслиҳаи сангин, масдуд кардани марзҳо ва озод кардани куллияи гаравгонон даъват карданд", — хабар медиҳад сомонаи расмии раиси ҷумҳури Украина.

Ин пешниҳодот муқаррароти тавофуқоти Минск аз 5 сентябри соли 2014-ро такрор ва идомаи санади ҳусни тафоҳуми Минск аз 19 сентябр аст.

Порошенко аз ҳамтоёни аврупоии худ хостори мусоидат дар озодии халабони украинӣ Надежда Савченко шудааст, изофа мешавад дар хабар.
Дидори раҳбарони Олмон, Фаронса ва Украина шоми рӯзи панҷшанбе дар дафтари раёсати ҷумҳурии Украина баргузор шуд. Баъд аз музокироти чаҳор соата раҳбарони Олмон ва Фаронса маҳалли дидорро бидуни баргузории нишасти матбуотӣ тарк карданд. Рӯзи ҷумъа сафари муштараки онҳо ба Маскав дар назар аст, ки дар ҷараёни ин сафар онҳо қасд доранд бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин масоили ҳалли қазияи Украинаро бо дарназардошти 12 нуқтаи тавофуқоти Минск матраҳ кунанд.

Меркел: ихтилоф дар Украина ҳалли низомӣ надорад

Ташдиди амалиёти низомӣ дар Донбасс

Вазъият дар Донбасс дар моҳи январ дубора нигаронкунанда шуд. Баъд аз он ки нерӯҳои украинӣ бо истифода аз оташбас нерӯҳои худ дар ҷанубу шарқи кишварро тақвият дода, ба мавзеъоти ҷудоихоҳон ҳамла карданд, ки аз иҷрои амалиёти вижа дар фурудгоҳи Донетск оғоз шуд. Дар ситоди марказии Украина изҳор доштанд, ки "артиши Украина барои зарбаи ниҳоӣ нерӯи кофӣ дар ихтиёр дорад". Ҳамзамон фармондеҳи Ситоди марказӣ Виктор Муженко алорағми изҳороти қаблӣ алайҳи Москав, эътироф кард, ки дар қаламрави кишвар ҷузъу томҳои артиши Русия вуҷуд надоранд.

Баъд аз афзоиши теъдоди қурбониёни ин даргирӣ аз ҷумлаи сокинони осоишта ҷудоихоҳон изҳор доштанд, ки "масири даргириро" ба манзури ҷилавгирӣ аз тирборони маҳаллоти маскунӣ канор мебаранд.

Яке аз нуқоти доғи даргирии ҷудоихоҳон ва нерӯҳои давлатӣ дар Донбасс Дебалтсево аст, ки дар ин минтақа нерӯи бузурги артиши Украина ба муҳосира афтоданд.

© ИнфографикаОбострение ситуации в Донбассе
Обострение ситуации в Донбассе - Sputnik Тоҷикистон
Обострение ситуации в Донбассе
Лентаи хабарҳо
0