16:56 27 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Дурнамои ҳалли муноқишаи Исроил ва Фаластин, вазъ дар Сурия ва муборизоти муштарак алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз мавзӯъоти матруҳаи музокироти раҳбарони ду кишвар аст.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин 9-10 феврал аз Миср дидан карда бо раҳбари Миср Абдул Фаттоҳ ас-Сисӣ равобити миёни ду кишвар ва вазъ дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолиро матраҳ мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.

Интизор меравад, ки дар меҳвари музокироти раҳбарон ва аъзои ҳайъатҳои ду кишвар масоили ҳамкорӣ дар бахши иқтисод, аз ҷумла имкони таъсиси минтақаи озоди иқтисодии миёни Миср ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, тавсеъаи ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ ва ҳамгироӣ дар бахши энержӣ, аз ҷумла дар арсаи энержии ҳастаӣ қарор мегиранд.

Аз миёни масоили байналмиллалӣ руасои ҷумҳур қасд доранд дурнамои ҳалли бӯҳрони Фаластину Исроил, вазъ дар Сурия ва муборизаи муштарак алайҳи созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро матраҳ кунанд.

Путинро дар ин сафар Сергей Лавров, вазири хориҷӣ, Алексей Улюкаев, вазири рушди иқтисодӣ, Денис Мантуров, вазири саноеъ ва тиҷорат, Николай Федоров, вазири кишоварзӣ, Александр Новак, вазири энержӣ, раиси ширкати "Росатом" Сергей Кириенко, Александр Фомин, раҳбари Идораи федероли ҳамкориҳои фаннӣ-низомӣ ва Кирил Дмитриев аз Сандуқи Русия барои сармоягузориҳои мустақим ҳамроҳӣ мекунанд.

Мавзуъ

Путин дурнамои ҳамкориҳои Русия ва Ӯзбакистонро шарҳ дод
Путин дар Тошканд қарзи давлатии Ӯзбакистонро танзим мекунад
Чаро маҳбубияти Путин бо мантиқ дар таззод аст?
Рейтинги баланди Путин ва коҳиши қурби рубл пеш аз паёми имсола
Барчаспҳо:
сафари расмӣ ба Миср, Ҳукумати Русия, Кирил Дмитриев, Александр Фомин, Сергей Кириенко, Александр Новак, Николай Федоров, Денис Мантуров, Алексей Улюкаев, Абдул Фаттоҳ ас-Сисӣ, Сергей Лавров, Владимир Путин, Миср, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ