23:40 21 феврали 2018
Пахши мустақим
Путин аснои ширкат дар ҷаласаи Гурӯҳи бистгона

Путин ва Обама авзоъи шарқи Украинаро бо ташаббуси ИМА баррасӣ карданд

Фотохост-агентство
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Аснои сӯҳбати телефонии сарварони Русия ва Амрико қайд гардид, ки ҳар чӣ зудтар хунрезӣ дар Украина ҷилавгирӣ карда шавад ва амнияти кулли сокинони манотиқи он таъмин гардад.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ва райисҷумҳури ИМА Барак Обама бо ташаббуси ҷониби Амрико масоили марбут ба Украинаро баррасӣ карданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба Хадамоти матубуотии Кремл.

"Бо ташаббуси ҷониби Амрико сӯҳбати телефонии президентҳои ду кишвар сурат пазируфт. Зимни он таъмини амнияту субот дар Украина, ҷилавгирӣ аз хунрезӣ ва роҳҳои ҳалл ва бартарафсозии бӯҳрони сиёсии он кишвар муҳокима гардид",- омадааст дар хабари сарчашма.

Аснои сӯҳбат Путин ба вазъи Украинаи Ҷанубу Шарқӣ дахл карда, мавқеъи Русияро дар қиболи ҳалли бӯҳрони минтақа иброз дошт. Ӯ гуфт, Русия ҳамоно ҷонибдори рафъи мушкилот тариқи роҳҳои дипломатӣ аст ва аз мулоқот дар шакли "формати нормандӣ" дар Минск  тарафдорӣ менамояд.

Маврид ба тазаккур аст, ки раҳбарони Олмону Украина ва Фаронсаву Русия роҷеъ ба бӯҳрони Украина рӯзи 11 феврал дар шаҳри Мински Беларус бо ҳам мулоқот мекунанд.

Ҷангҳо байни нирӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои Донетску Луҳански Украина аз апрели соли 2014 ба ин тараф мунҷар ба ҳалокати беш аз 5350 нафар шудааст.  

Мавзуъ

Низомиёни Украина: зимни ҳамла мо аз се маҳал “гузаштем”
ВКХ ФР, Олмон, Фаронса ва президенти Украина дар бораи бӯҳрони Донбасс
Раҳбарони Фаронса, Олмон ва Украина хостори сулҳ дар Донбасс мебошанд
Меркел: ихтилоф дар Украина ҳалли низомӣ надорад
Барчаспҳо:
сӯҳбати телефонии роҳбарони ду давлат, вазъи шарқи он кишвар, масоили Украина, райисҷумҳури ФР, президенти Амрико, Барак Обама, Путин, Украина, ИМА, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ