07:12 22 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Нишасти матбуотии президенти Украина Петр Порошенко

Порошенко: ба Минск барои оташбас меравам

© Sputnik / Евгений Котенко
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Музокироти Минск ба тавофуқ расид, дар Украина оташбас эълом мешавад (5)
2 0 0

Имрӯз дар Минск мулоқоти сарварони чор кишвари иштирокчии “чоргонаи нормандӣ” – Русия, Олмон, Фаронса ва Олмон баргузор хоҳад шуд. Петр Порошенко гуфт, аснои нишаст оташбаси бечунучароро тақозо мекунад.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Райисҷумҳури Украина дар сойти расмии худ эълом дошт, ки ҳадаф аз сафараш ба Минск роҳандозии гуфтугӯи дипломатӣ ва оташбаси бе қайду шарт мебошад, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Мо дар дохили кишвар ба созиш расида метавонем. Мо сулҳро бояд ҳифз кунем, оромиро дар Краматорск нигоҳ дорем, бояд амният дар Украина барқарор бошад. Маҳз барои ҳамин ман ба Минск меравам, то дар мавриди ҳалли сиёсии қазия тавофуқ ба даст орем. Мо худамон ба тавофуқ мерасем",- гуфт Порошенко аснои боздид аз Краматорск.

Райисҷумҳури Украина афзуд, Киев тақозои сулҳи бе қайду шартро дорад.

"Мо талаб мекунем, ки ҷанг қатъ карда шавад, нерӯҳои хориҷӣ берун карда шаванд, марзҳо пӯшида шаванд. Онҳо бояд дар ин ҷо набошанд. Мо ягон низоъ надорем",- гуфт Порошенко.

Музокироти пешниҳодии миёни Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина, Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия, Франсуоа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон бахше аз талошҳои дипломатист, ки мехоҳанд ба ҷангҳои шарқи Украина хотима гузоранд. Аз моҳи апрели соли 2014 то ҳол дар ин ҷангҳо дар шарқи Украина 5 350 нафар ҷон бохтаанд.

Мавзуҳо:
Музокироти Минск ба тавофуқ расид, дар Украина оташбас эълом мешавад (5)

Мавзуъ

Низомиёни Украина: зимни ҳамла мо аз се маҳал “гузаштем”
Меркел: ихтилоф дар Украина ҳалли низомӣ надорад
Порошенко бори дигар Русияро дар бӯҳрони Украина гунаҳкор кард
Барчаспҳо:
мулоқоти сарварони чор кишвар, ҷанг дар шарқи Украина, чоргонаи нормандӣ, Петр Порошенко, Краматорск, Минск, Киев, Олмон, Русия, Фаронса, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ