07:56 23 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Порае аз гулӯлаи таркида дар Краматорск. 10 феврали соли 2015

Мушакборони Краматорск. Навори шоҳидон

REUTERS/Gleb Garanich
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Краматорск, ки тайи чанд моҳи ахир маркази даргириҳо ва ҷангҳои шадид дар Украина буд, мавриди мушакборон қарор гирифт. 16 нафар бар асари ин гулӯлаборон ба ҳалокат расида, 48 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

ДУШАНБЕ, 11 фев, — Sputnik. Дар пайи тирборони Краматорск аз артиллерияи низомӣ 29 ҳарбӣ ва 35 шаҳрванди осоишта осеб диданд. Азин миён 16 нафар ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора сомонаи расмии президенти Украина хабар медиҳад.

"Миёни онҳое, ки ҷон ба саломат бурдаанд 10 нафар ҷароҳати вазнин гирифтаанд. Ба иттилоъи Хадамоти амниятии Украина 41 манзили сокинон валангор шудааст",- омадааст дар хабар.

Президенти Украина рӯзи сешанбе дар парлумон гуфт, ҷангиёни Донетск ситоди низомиёни Украинаро мавриди ҳадаф қарор додаанд, ки он дар Краматорск мустақар аст. Аммо ихтиёриён ин иттилоъро тасдиқ накарданд.

Ба иттилои СММ, аз моҳи апрели соли 2014 то ҳол дар ин ҷангҳо дар шарқи Украина 5 350 нафар ҷон бохтаанд.

Барчаспҳо:
гулӯлаборони Краматорск, мушакборон, ҷанг, вазорати мудофиа, Краматорск, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ