21:47 19 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Дабири кулли СММ аз дафтари РИА Новости дидан кард

Пан Ги Мун тақозои оташбас дар Дебалтсеворо дорад

© Sputnik / Илья Питалев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Дабири кулли СММ аз ҷонибҳои даргир талаб кард, ки оташбасро бечуну чаро иҷро намоянд ва аз раванди тафовуқоти сулҳ дар ҷанубу шарқи Украина ҷонибдорӣ кард.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз натиҷаи ниҳоии музокироти Минск дар мавриди мусолиҳаи Украина изҳори хушнудӣ карда, ҳамзамон нигарониашро аз идомаи даргириҳо дар минтақаи Дебалтсево иброз дошт, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Дабири кулл аз натиҷаи тавофуқоти Минск дар бораи авзоъи Украина розӣ аст ва аз раванди идомаи оташбас дар минтақа дастгирӣ мекунад",- омадааст дар баёнияи СММ.

Ҳамзамон, дар санади мазкур дарҷ шудааст, ки "муншии умумии СММ аз идомаи даргириҳо дар ҷанубу шарқи Украина, аз ҷумла Дебалтсево  нигарон буда, аз ҷонибҳои даргир риояи шартҳои оташбасро мекунад".

Дар Минск ба чӣ тавофуқ расиданд

Раҳбарони Украина, Русия, Олмон ва Фаронса  рӯзи 12 феврал дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус баъди 16 соати музокироти шадид нақшаи сулҳи шарқи Украинаро имзо карданд.

Раисиҷумҳурони Украина ва Русия Петро Порошенко ва Владимир Путин гуфтанд, бар асоси ин қарордод, оташбас дар шарқи Украина рӯзи 15 феврал, аз нимаи шаби шанбе ба якшанбе оғоз ёфта, ду рӯз баъди он бояд силоҳҳҳои вазнин аз минтақаи низоъ берун кашида шаванд ва як минтақаи амниятӣ байни тарафҳои даргир сохта шавад.

Санадро аз ин ҷо пайдо карда метавонед>>

Мавзуъ

Берзинш: ироъаи силоҳ ба Украина роҳи нодурусти ҳалли қазия мебошад
ВКХ ФР, Олмон, Фаронса ва президенти Украина дар бораи бӯҳрони Донбасс
Раҳбарони Фаронса, Олмон ва Украина хостори сулҳ дар Донбасс мебошанд
Барчаспҳо:
ҷонибдорӣ, изҳори нигаронӣ, тавофуқот, СММ, Пан Ги Мун, Дебалтсево, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ