07:11 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Қаблан, дар маҷаллаи расмии Иттиҳодияи Аврупо маълумоте ба нашр расид, ки тибқи он Ҳунарманди мардумии ИҶШС Иосиф Кобзон ба рӯйхати таҳримотӣ оид ба ҳаводиси Украина ворид шудааст ва мутобиқи ин феҳраст сафар ба Аврупо барои ӯ манъ аст.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ҳунарманди мардумии ИҶШС (СССР) Иосиф Кобзон гуфт, ҳарчанд дар хориҷа молу амвол надорад, аммо таҳримоти ҷоришуда аз сӯи ИА ӯро аз дидори духтараш ва наберагонаш, ки дар Англия ба сар мебаранд, маҳрум менамояд. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад.

Қаблан, дар маҷаллаи расмии Иттиҳодияи Аврупо маълумоте ба нашр расид, ки тибқи он Ҳунарманди мардумии ИҶШС Иосиф Кобзон ба рӯйхати таҳримотӣ оид ба ҳаводиси Украина ворид шудааст ва мутобиқи ин феҳраст сафар ба Аврупо барои ӯ манъ аст.

"Ман нақша доштам, ки ба Испания сафар кунам, боздиди анъанавӣ ба Маҷористон дорам",- нақл кард Кобзон аснои мулоқот бо хабарнигорон рӯзи душанбе.

Вай гуфт, дар кишварҳои аврупоӣ моликияти ғайриманқул надорад, аммо фарзандонаш доранд: "Ман чунин дороӣ надорам. Писарам дар Испания моликият дорад. Аммо ин барои ман зарур нест, ман дар ин ҷо дорам…, Дар Амрико, дар Майами ҳеч чиз надорам, 20 сол боз дар ИМА нестам. Дар Аврупо, дар Булғористон, ки ҳама ба он ҷо таваҷҷӯҳ доштанду чизе харидорӣ мекарданд, шукри Худо ман ҳеч чӣ надорам".

Ҳамзамон, ҳунарманд гуфт, духтарам дар Англия зиндагӣ мекунад. "Наберагонам ҳам, онҳо даҳ нафаранд, қисме дар Англия ва дигарон дар Маскав ба сар мебаранд",- илова кард ӯ.

Кишварҳои ғарбӣ аз моҳи март ба ин сӯ чанд маротиба алайҳи ширкатҳо, корхонаҳо, сиёсатмадорон ва тоҷирону ашхоси алоҳидаи Русия вобаста ба ҳаводиси Украина таҳримот ҷорӣ карданд.

 

Мавзуъ

Назарсанҷӣ: ИМА ва ИА дар ҳамоҳангӣ алайҳи ФР таҳрим ҷорӣ карданд
Русия - Ғарб: ҷанги таҳрим
Барчаспҳо:
ғарб бар зидди ҳунарманд, алайҳи ҳунармандон, таҳримот, Иттиҳодияи Аврупо, Иосиф Кобзон, Испания, Англия, ИА, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ