Обама: қатли Немтсов- нишонаи бад шудани вазъи озодӣ дар Русия

© REUTERS/Kevin LamarqueБарак Обама дар ҳамойиши мубориза алайҳи ифротгароӣ дар Вашингтон суханронӣ дорад
Барак Обама дар ҳамойиши мубориза алайҳи ифротгароӣ дар Вашингтон суханронӣ дорад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарвари Кохи Сафед мӯътақид аст, ки вазъи озодии баён, баргузории озоди раҳпаймоиҳо, иттилоъи озод ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар Русия дар қиёс ба солҳои қабл хеле вахим аст.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Қатли Борис Немтсов шаҳодати он аст, ки дар Русия вазъи озодӣ хатчадор шудааст, иброз дошт шаби сешанбе Барак Обама,  райисҷумҳури ИМА. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Reuters иттилоъ медиҳад.

"Ман намедонам, чӣ гузаштааст. Аммо ман медонам, ки вазъи озодии баён, баргузории озоди раҳпаймоиҳо, иттилоъи озод ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар Русия дар қиёс ба чор-панҷ соли қабл хеле ва хеле бад шудааст",- гуфт президенти ИМА аснои мусоҳиба бо оҷонсии Рейтер.

Борис Немтсов, сиёсатмадори маъруфи рус, шоми 27 феврал дар маркази шаҳри Маскав дар ҳоле кушта шуд, ки ҳамроҳ бо модели украинӣ Анна Дуритская тарафи манзилаш мерафт.

Маълумоти бештар дар мавриди зиндагӣ ва қазияи марги Борис Немтсовро аз ин ҷо мутолиа карда метавонед>>

Лентаи хабарҳо
0