19:31 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Афғонистон. Кобул

СММ сӯзондани зани афғонро дар арафаи Наврӯз маҳкум кард

© Sputnik / Владимир Вяткин
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
20 0 0

Фархундаи 27-сола бо иттиҳоми оташ задани нусхае аз "Қуръон" аз ҷониби мардон кушта шуд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Созмони Милал дар арафаи Наврӯз дар шаҳри Кобул ба қатл расонидани як занро қатъиян маҳкум мекунад, омадааст дар сомонаии Маркази хабарии СММ.

Ин зани 27-сола, ки номаш Фархунда буд, рӯзи 20-уми март ба иттиҳоми оташ задани нусхае аз "Қуръон" дар наздикии масҷиди "Шоҳи душамшера" кушта шуд. Навори латту кӯб шудани ӯ дар рӯзҳои наврӯзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд.

"Намояндаи сохтори UNWomen дар Афғонистон Элзира Сагинбаева ин куштори даҳшатоварро маҳкум карда, ҳукумати Афғонистонро ба таҳқиқи амиқу сареъи ин ҳодиса даъват кардааст", — зикр гаштааст дар сомона.

Чанде пеш раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфта буд, ки мавзӯи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои амният мавриди баҳс қарор додаанд.

Як гурӯҳ мардон рӯзи 20-уми март дар шаҳри Кобул — пойтахти Афғонистон, як занро, ки гуфта мешавад нусхае аз Қуръони маҷид — китоби муқаддаси мусалмононро сӯзондааст, кушта ва ҷасадашро дар соҳили дарё оташ задаанд.

Бино бар гузоришҳо, ин зани 27-сола аз чанд сол ба ин сӯ аз бемори равонӣ ранҷ мебурд. Баъд аз воқеа хонаводаи Фархунда ба маҳалли амн кӯчонда шудааст.

Маросими дафни Фархунда 22-юми март сурат гирифт ва тобути ӯро ба нишони эътироз то қабристон занони фаъоли ҳуқуқи башар рӯи даст бурданд.

Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Барчаспҳо:
СММ сӯзондани зани афғонро дар арафаи Наврӯз маҳкум кард, СММ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Элзира Сагинбаева, Фархунда, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ