Венесуэла алайҳи Амрико беш аз 5 миллион имзо ҷамъ кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкНиколас Мадуро. Акс аз бойгонӣ
Николас Мадуро. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чанде қабл президенти ИМА Барак Обама зери санаде имзо гузошт, ки тибқи он дар қиболи Венесуэла ҳолати изтирорӣ ҷорӣ гардида, он кишвар барои Амрико хатарнок унвон мешавад.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Мири пойтахти Венесуэла Хорхе Родригес рӯзи якшанбе гуфт, дар ҳоли ҳозир теъдоди имзоҳои ҷамъоваришуда алайҳи ин иқдоми Амрико беш аз 5 миллионро ташкил медиҳад, менависад РИА Новости.

"Ман бояд ба ҳама мардуми кишвар бигӯям, ки субҳи имрӯз мо 5 миллиону як ҳазору 58 имзо ҷамъ овардем ва ин паём ба мардуми Венесуэла аст. Онҳо бояд омода бошанд, мо то 10 миллион низ имзо ҷамъ карда метавонем",- менависад сомонаи Noticias24 дар такя ба суханони Родригес.

Райиси шаҳри Каракас аз мардуми кишвар даъват кард, ки пешниҳоди президент Николас Мадуроро ҷонибдорӣ намоянд ва ҷамъоварии имзоҳоро идома бидиҳанд.

Родригес онҳоеро, ки то ҳанӯз андешаашонро баён надоштаанд, ба имзо кардани санад даъват кард.

Қаблан президент Мадуро иброз дошт, ки алайҳи ИМА ва барои манъи таҳримоти он кишвар дар қиболи Венесуэла 10 миллион имзо ҷамъоварӣ мекунад. Чанде пеш президенти ИМА Барак Обама зери санаде имзо гузошт, ки тибқи он дар қиболи Венесуэла ҳолати изтирорӣ ҷорӣ гардида, он кишвар барои Амрико хатарнок унвон мешавад.

Ду нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҳалок шуданд

Аснои садамаҳои нақлиётӣ ду пиёдагарди солхӯрда, яке дар ноҳияи Рӯшони Бадахшон ва дигаре дар ноҳияи Хуросони Хатлон қурбон шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0