04:09 23 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон

Порошенко намоиши филмҳои русиро дар Украина манъ кард

Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Президенти Украина Петр Порошенко қонун дар бораи манъи намоиши филмҳоеро, ки дар онҳо мақомоти қудратии Русия тарғиб мешаванд, ба тасвиб расонид. Ин санад аз ҷониби Радаи боло (Верховная рада) 5 феврал ба имзо расида буд.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Президенти Украина намоиши филму сериалҳои русиро дар қаламрави кишвараш манъ кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Бо имзои райисҷумҳур баргардонида шуд (02.04.2015)",- омадааст дар маълумоте, ки сайти парлумони Украина ба нашр расонид.

Радаи боло 5 феврали соли 2015 қонунеро қабул кард, ки тибқи он намоиши филмҳои тарғиботӣ дар бораи мақомоти қудратии Русия дар Украина манъ мешавад.

Фраксияи "Ҷабҳаи мухолиф" (Опозитсионний блок) аз ин қонун ҷонибдорӣ накард ва барои мутаваққиф сохтани он кӯшиш кард, аммо парлумон дар моҳи март ин пешниҳодро напазируфт.  

Мавзуъ

Ятсенюк гуфт, Украина бо Русия дар ҳоли ҷанг қарор дорад
Саакашвили: тасмими интиқоли силоҳ ба Украина 99% омода аст
Порошенко бори дигар Русияро дар бӯҳрони Украина гунаҳкор кард
Барчаспҳо:
дар Украина, манъи филмҳо русӣ, Радаи Боло, Верховная Рада, президенти Украина, Петр Порошенко, Украина, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ