23:28 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Гуфтушуниди Теҳрон бо шашгона дар Лозанна

Тавофуқи “шашгона” бо Эрон дар масъалаи барномаи ҳастаӣ

© AP / Brendan Smialowski, Pool
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
24 0 0

Созиш дар ҳоле ҳосил шуд, ки баъди ноил нашудан ба созиш дар рӯзи таъйиншуда, яъне 31-уми март музокирот дар бораи барномаҳои атомии Эрон дар шаҳри Лозанни Швейтсария идома ёфт. Дар ин музокирот масъалаи маҳдуд кардани фаъолиятҳои атомии Эрон дар ивази бардоштани таҳримоти дардноки иқтисодӣ баррасӣ мешавад.

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Эрон ва "шаш қудрати ҷаҳонӣ" (панҷ кишвари узви доимии ША СММ) дар мавриди андозаҳои калидии созишномаи фарогири ҳастаӣ, ки бояд то 30 июн ниҳоӣ шавад, ба тавофуқ расиданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Сарвари сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо Федерика Могеринӣ бо қироати эъломияи якҷояи шашгона ва Эрон дар нишасти хабарӣ дар Лозани Швейтсария гуфт, рӯзи 2 апрел тарафҳо ба созише расиданд, ки "қадами ҳалкунанда" дар гуфтушуниди тӯлонии расидагӣ ба барномаи ҳастаии Эрон дар ивази сабук кардани таҳримҳои иқтисодист.

"Тавонмандии Эрон дар ғанисозии уран коҳиш хоҳад ёфт ва дар қарордоди оянда, дар миёни шартҳои дигар маркази Фардо ба пажӯҳишгоҳи физикаи ҳастаӣ табдил дода хоҳад шуд"- афзуд дипломати аврупоӣ.

Тавофуқ осон ба даст наомад

Натоиҷи ин созишро аксари коршиносон таърихӣ унвон мекунанд. "Ман мӯътақидам ва бояд бо ин ҷаҳониён нишон бидиҳем, ки ин тавофуқ ба нафъи амнияти дунё ва ИМА аст",- иброз дошт президенти ИМА Барак Обама.  

Созиш дар ҳоле ҳосил шуд, ки баъди ноил нашудан ба созиш дар рӯзи таъйиншуда, яъне 31-уми март музокирот дар бораи барномаҳои атомии Эрон дар шаҳри Лозанни Швейтсария идома ёфт. Дар ин музокирот масъалаи маҳдуд кардани фаъолиятҳои атомии Эрон дар ивази бардоштани таҳримоти дардноки иқтисодӣ баррасӣ мешавад.

Мувофиқат бар сари чаҳорчӯби умумии тавофуқнома роҳро барои имзои созиши ниҳоӣ то охири моҳи июн ҳамвор мекунад. Дар сурати ба даст омадани созиш, баҳси 12-сола бар сари барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон хотима меёбад.

Кишварҳои ғарбӣ ва Исроил мегӯянд, Эрон мехоҳад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаоро рад мекунад. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, ҳамтои эронии ӯ рӯзи 1-уми апрел мулоқот карданд, зеро ба гуфтаи дипломатҳо пеш аз ҳаргуна эълон дар бораи музокирот кори зиёде боқӣ мондааст, ки бояд анҷом шавад.

Аббос Арақчӣ, раиси ҳайати музокиракунандагони Эрон гуфт, ки баъзе аз "масъалаҳо" боқӣ мондааст. Аз ин пеш Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт "тарафҳо дар робита ба тамоми ҷанбаҳои созиши ниҳоӣ ба мувофиқа расидаанд." Филип Ҳаммонд, вазири умури хориҷии Бритониё гуфт, ки "масоили калидӣ" бояд ҳал шавад, вале дар маҷмӯъ ҳамдигарфаҳмии васеъ вуҷуд дорад.

Шаби ҷумъа дар Теҳрон…

Ҳамзамон, шаби гузашта ҳазорон шаҳрванди Эрон ба хиёбонҳои Теҳрон баромада, тавофуқи бадастомадаро таҷлил мекарданд.

Иранцы празднуют соглашение, подписанное шестеркой и Тегераном
© AP / Ebrahim Noroozi
Иранцы празднуют соглашение, подписанное "шестеркой" и Тегераном
Барчаспҳо:
созиш ба даст омад, музокироти ҳастаии Эрон, тавофуқ, барномаи ҳастаии Эрон, шашгона, Иттиҳоди Аврупо, ИА, Федерика Могеринӣ, Барак Обама, Аббоси Арақчӣ, Русия, Лозанна, ИМА, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ