00:03 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
20 0 0

Шаҳрванди ҷавони ҶФО ба таври пинҳонӣ ба Ироқ омад, то ақди никоҳашро бо роҳбари “Давлати исломӣ” баргузор намояд, маросими мазкур рӯзи сешанбе дар Мосул сурат пазируфт.

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Роҳбари тундравони ифротии "Давлати исломӣ" Абубакр ал-Бағдодӣ бо шаҳрванди Олмон ақди никоҳ баст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии Ас-Сумарийяи Ироқ.

"Ал-Бағдодӣ рӯзи сешанбе ҷавонзани олмониро ба ҳамсарӣ пазируфт, ки чанде қабл аз Аврупо ба Ироқ омадааст. Онҳо дар додгоҳи шариатии Мосул ақди никоҳ бастанд ва ин маросим таҳти ҳимояти шадиди амниятӣ сурат пазируфт",- омадааст дар хабари манбаъ.

Сарчашмаи хабар афзуд, аммо дар ҳоли ҳозирмаълум нест, ки Абубакри Бағдодӣ бо ҳамсараш дар Мосул қарор доранд ва ё хайр, ё ба кишвари ҳамсояи Сурия рафтанд.

Чанд рӯз қабл раиси Идораи федералии ҳимоят аз Конститутсияи Олмон (БФФ, хадамоти таҷассусии ҶФО) Ханс — Георг Маассен гуфт, тибқи иттилоъи рӯйи дастдоштааш, 70 бонуи олмонӣ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, то ба суфуфи ДИ бипайванданд, менависад РИА Новости. Аз нисф бештари онҳоро духтарони аз 25 сола поён ташкил медиҳад, 9 нафари дигар бошанд ҳанӯз ба балоғат нарасидаанд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки ба қавли ХМА (СРУ) беш аз 30 ҳазор ҷангиёнро дар суфуфаш муттаҳид кардааст, дар қаламрави зери итоаташ дар Сурия ва Ироқ хилофати исломӣ эълон карда, масоҳаташонро тавсеъа доданист. Ба "Давлати исломӣ" гурӯҳҳои мухталиф аз Либиё, Миср ва Афғонистону Нигерия байъат кардаанд.

 

 

Мавзуъ

Ашраф Ғанӣ аз кушта шудани ду фармондеҳи ДИ дар Афғонистон хабар дод
“ДИ” навори видеоии қатли ҷосуси гумонбари исроилиро нашр кард
Эрдуғон: ДИ талош дорад фарҳанги исломиро маҳв созад
Дар Ӯзбакистон китоби “Фитнаи ДИ” мунташир шуд
ВАО: ба ҳаммуъассиси Twitter барои бастани сафаҳоти ДИ таҳдид мекунанд
ВАО: боздошти “сардабир” ва зуҳури ҷангандаи 80-солаи тоҷики ДИ
Террористҳои “ДИ” 40 нафар суннимазҳабро дар Ироқ қатл карданд
Владимир Путин: танҳо бо зарбаҳои ҳавоӣ мушкили “ДИ” рафъ намешавад
Маркази исломӣ: ДИ худ муҳимтарин аҳкоми шариатро риоя намекунад
Райисҷумҳури Тоҷикистон "ДИ"-ро тоуни асри 21 хонд
Барчаспҳо:
ифртгарон, тундравон, ҷанги Ироқу Сурия, олмонӣ зани Бағдодӣ шуд, ақди никоҳи пешвои ҷангиёни ДИ, ҷанг дар Сурия, СРУ, ХМА, Идораи федералии ҳимоят аз Конститутсияи Олмон, ДИИШ, ДИ, Давлати исломӣ, Ханс - Георг Маассен, Абубакр ал-Бағдодӣ, Абубакри Бағдодӣ, ҶФО, Мосул, Олмон, Ироқ, Сурия

Мавзӯъҳои асосӣ