21:15 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Мулоқоти президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ҳамтои ирониаш Ҳасани Рӯҳонӣ дар Теҳрон

Эрон ва Туркия дар ҳисоббаробаркунӣ аз евро ва доллар даст кашиданд

© AP / Iranian Presidency Office
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Роҳбарони Эрон ва Туркия ба тавофуқ расиданд, ки аз ин ба баъд аснои тиҷорати дуҷониба ва муштарак, инчунин дар ҳисоббаробаркуниҳо аз риёл ва лира истифода хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Теҳрон ва Анқара тиҷораташонро бо арзҳои миллии ду кишвар ба роҳ мемонанд, гуфт президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аснои нишасти муштараки матбуотӣ бо ҳамтои эрониаш- Ҳасани Рӯҳонӣ, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Мо зери ҷабри доллару евро ва фишори қурби онҳо будан намехоҳем. Мо ба тавофуқ расидем, ки арзҳои милли ду кишвар- Туркия  ва Эрон гардиши озод дошта бошанд. Ин ба давлатҳои мо боз як қувваи дигар мебахшад",- иброз дошт пешвои туркҳо.

Эрдуғон қайд кард, ки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар ҳоли тавсеа қарор доранд, бояд табодули мол дар як сол ба $30 миллиард расонида шавад. Ҳоло ин рақам ду баробар камтар аз он- $14 миллиардро ташкил медиҳад.

Президенти Туркия барои боздиди якрӯза ба Эрон омода буд.

Мавзуъ

Эрдуғон: мусалмонҳо Амрикоро кашф кардаанд, на Христофор Колумб
Барчаспҳо:
тиҷорати дуҷониба, табодули мол, аз евро ва доллар даст мекашанд, президенти Эрон, президенти Туркия, Ҳасани Руҳонӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Анқара, Теҳрон, Туркия, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ