04:27 23 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
СПУТНИК_Амалиёти низомӣ дар шарқи Украина - як сол пас аз даргирӣ дар Донбасс

Амалиёти низомӣ дар шарқи Украина – як сол пас аз даргирӣ дар Донбасс

© RUPTLY.
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Амалиёти густурдаи низомии мақомоти Украина алайҳи норозиёни табаддулоти давлатӣ дар Донбасс дар шарқи Украина як сол қабл, рӯзи 13 апрел оғоз шуд.

Александр Турчинов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳури Украина, ки аз сӯйи Радаи олӣ ба ин симмат таъйин шуд, дар бораи оғози амалиёти вижаи низомӣ дар шарқи кишвар бо истифода аз нерӯои мусаллаҳи Украина эълом кард. Дар муроҷиъати вай ба мардуми кишвар, ки 13 апрел пахш шуд, вай гуфт нафароне, ки силоҳро таслим месозанду таъсисоти маъмурии ғасбшударо озод мекунанд, ба онҳо кафолат дода мешавад, ки алайҳашон муҷозот раво дида намешавад.

Ҷонибдорони кишвари федеролӣ дар шарқи Украина ба дархости қатъии Киев, ки тақозо дошт то соати 09.00 вақти маҳаллӣ биноҳои маъмурии забтшуда дар минтақаро озод кунанд, таваҷҷӯҳ накарданд.

Тибқи иттилоъи ахири СММ, беш аз 6 ҳазор нафар сокинон қурбонии даргирӣ дар Украина шуданд. Мушкили ҳалли қазияи Украина дар чорчӯбҳои мухталиф, аз ҷумла, дар музокироти гурӯҳи тамос дар Минск бо мусоидати ФР ва САҲУ баррасӣ мешаванд.

Музокироти "чаҳоргонаи нормандӣ", ки 12 феврал доир шуданд дар ҳошияи ташаннуҷи вазъ дар Донбасс сурат гирифтанд: низомиёни Украина бо қавӣ сохтани нерӯҳои худ ба ҳамла ба мавзеъи ҷудоихоҳон гузаштанд. Дар пайи дидори раҳбарони Русия, Украина, Фаронса ва Олмон тадобире тасвиб шуд, ки аз ҷумла оташбас дар Донбасс аз 15 феврал, канор бурдани таслиҳоти сангин ва таъсиси манотиқи амнро дар назар дошт.

Мавзуъ

Ятсенюк гуфт, Украина бо Русия дар ҳоли ҷанг қарор дорад
Дар фурудгоҳи Донетск 30 ҷасади низомиёни Украина ошкор шуд
Вашингтон боз аз ҳузури низомиёни рус дар Украина изҳори назар кард
Порошенко: назорати пулиси ИА роҳи беҳтарин барои шарқи Украина аст
Донетск алайҳи Украина ба иттиҳоми оғози ҷанг парвандаи ҷиноӣ боз кард
Путин гуфт, аллакай ба Украина силоҳ медиҳанд
Мақомоти ҷудоихоҳони шарқи Украина ҷонибдори бетарафии Киев ҳастанд
Берзинш: ироъаи силоҳ ба Украина роҳи нодурусти ҳалли қазия мебошад
Барчаспҳо:
ҷанги Украина, оташбас дар Донбасс, солгарди даргирӣ дар шарқи Украина, "чаҳоргонаи нормандӣ", Александр Турчинов, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ