03:33 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Вазорати умури хориҷаи Амрико тирборон шудани сафорати Русия дар Димишқро маҳкум карда, дар баёнияи интишорнамудааш қайд кард, ки қароргоҳи дипломатӣ тибқи қавонини байналмилалӣ таҳти ҳимоя қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Департаменти давлатии ИМА ҳамла ба сафорати ФР дар Димишқро рӯзи сешанбе маҳкум кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Иёлоти муттаҳида тирборон кардани сафорати ФР дар Димишқро маҳкум менамояд",- омадааст дар баёния ва дар санад қайд мешавад, ки "ин иншоот мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ муҳофизат мегардад".

"Мо хоҳони онем, ки масъулини ин ҳаводис ва ба ин монанд ҳодисаҳо ба додгоҳ кашида шаванд, ба назари мо роҳҳи ҳалли бӯҳрони Сирия танҳо дар мушорикати сиёсист",- омадааст дар изҳороти Департаменти давлатӣ.

Рӯзи сешанбе бинои сафорати Русия дар Димишқ мавриди ҳамла ва тирборони шадид қарор гирифт. Ба қавли шоҳидон, тирпарронӣ аз мантақаи Ҷобар, ки таҳти тасарруфи ҷангҷӯён қарор дорад, оғоз ёфт. Як мина дар 15 метрии қароргоҳи дипломатӣ мунфаҷир шуда, дигараш аз девор гузашта дар дохили бино таркид. Касе аз кормандони сафорат зарар надидааст.

Вазорати умури хориҷаи Русия тирборон шудани сафоратро дар Димишқ амалиёти террористӣ унвон кард.  

Мавзуъ

Ҳалокати ҳунарпешаи рус дар ҷангҳои Сурия
Барчаспҳо:
ҷанг дар Сурия, мина, ИМА тирборони қароргоҳи дипломатиро дар Сурия маҳкум мекунад, ҳамла ба сафорати Русия, департаменти давлатии ИМА, Вазорати умури хориҷаи Русия, Димишқ, ИМА, Русия, Сурия

Мавзӯъҳои асосӣ