15:46 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Дилан Сторм Руф (дуввум аз тарафи чап) дар куштори оммавии сокинони Чарлстон муттаҳам дониста мешавад

Гумонбар дар қатли оммавии сокинони Чарлстонро ба додгоҳ мебаранд

© AP / Ben Earp
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Дар ИМА таҷрибаи истирдоди боздоштшуда аз як иёлат ба иёлати дигар вуҷуд дорад.Дар сурати муқобилият кардани гумонбар истирдоди ӯ ба минтақаи дигар вақти зиёдеро мегирад ва на ҳама вақт муваффақ ба истирдоди ӯ мегарданд.

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Дилан Сторм Руф, ки бо иттиҳоми даст доштан дар куштори оммавии сокинони Чарлстон муттаҳам дониста мешавад, дар иёлати Каролинаи шимолӣ дастгир гардида, ба додгоҳи Каролинаи ҷанубӣ ҳозир карда мешавад, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Гумонбари ҳодисаи мазкур дар шаҳри Чарлстон Дилан Сторм Руф таҳти назорати махсуси мақомот аз иёлати Каролинаи шимолӣ ба додгоҳи Каролинаи ҷанубӣ ҳозир карда мешавад",- менависад оҷонсӣ дар такя ба хабари CNN.

Дар ИМА, қайд мекунад хабаргузорӣ, ҷараёни истирдод аз як иёлат ба иёлати дигар роиҷ аст. Дар сурати муқобилият кардани гумонбар истирдоди ӯ ба минтақаи дигар вақти зиёдеро мегирад ва на ҳама вақт муваффақ ба истирдоди ӯ мегарданд.

Гуфта мешавад, муттаҳам дар қатли одамон дар Чарлстон муқобилият нишон надодааст ва дар зудтарин фурсат ба ҷои зарурӣ расонида мешавад.

 

Барчаспҳо:
қатли дастаҷамъӣ, куштори оммавии сокинон, додгоҳи Каролинаи ҷанубӣ, Дилан Сторм Руф, Каролинаи ҷанубӣ, Чарлстон, Каролинаи шимолӣ, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ