11:24 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Евгений Примаков. Акс аз бойгонӣ

Примаков, вазири рус, ки дар сулҳи тоҷикон нақш дошт, даргузашт

© Sputnik / Алексей Никольский
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Аз вай ба унвони ходими давлатӣ, сиёсатмадор, олим ном мебаранд, ки дар синни 85 – солагӣ вафот кард.

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Евгений Примаков, собиқ сарвазир ва вазири хориҷаи Русия, ки дар сулҳи тоҷикон нақш дошт, даргузашт, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар робита президенти Русия Владимир Путин ба пайвандони Примаков изҳори тасаллият кардааст.

"Ба президент хабари марги Евгений Примаков расонида шуд, президент аз ин хабар андуҳгин шудааст", — гуфтааст сухангӯи Путин ба хабарнигорон.

Примаков, ходими давлатии Русия, ки ҳам сарвазир ва ҳам вазири хориҷии он кишвар буд, дар синни 85 — солагӣ аз дунё гузашт. Аз вай ба унвони олим, сиёсатмадор, ходими давлатӣ ном мебаранд.

Примаков, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар Русия вазири хориҷӣ буд, барои миёнҷигарӣ байни тарафҳои даргири тоҷик нақши калидӣ дошт.

Барчаспҳо:
сарвазир, вазири хориҷа, даргузашт, Евгений Примаков, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ