14:02 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Муътаризгарон бо парчами Арманистон дар Ереван. 25 июни соли 2015

“Майдон”-и арманӣ ба майдони Озодӣ мунтақил шуд

Hrant Khachatryan/PAN Photo via AP
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Идомаи тазоҳуроти эътирозӣ дар Ереван (3)
12 0 0

Бархе аз фаъолон майдони Озодиро, ки ба он ҷо рӯзи душанбе эътирозгарон аз хиёбони Баграмян мунтақил шуда буданд, тарк карданд.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Эътирозгарон дар Ереван рӯзи душанбе ба майдони Озодӣ мунтақил шуда 200 нафар фаъолон дар он ҷо шабро рӯз карданд ва яке аз онҳо даҳани худро дӯхтааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба маҳалли ҷадид эътирозгарони болоравии қиммати нерӯи барқ шоми рӯзи душанбе баъд аз он ки пулис онҳоро аз хиёбони Баграмян пароканда карду дар он ҷо онҳо тӯли ду ҳафта эътироз мекарданд, кӯч дода шуданд.

Аз майдони Озодӣ ба ҳангоми шом бархе аз фаъолон "барои ҷамъоварии наҳваҳои ҷадиди эътирозот" тарк ва ҳудуди 200 нафар дар он ҷо шабро саҳар карданд.

Хабарнигори РИА Новости гузориш медиҳад, ки яке аз фаъолони Ови даҳани худро бо ришта дӯхтааст: вай наметавонад ғизо хӯрад ва бакундӣ ҳарф мезанад. "Ҳолам хуб аст, эҳсоси дард намекунам", — гуфт вай дар мусоҳиба бо хабарнигор.

Муътаризгари дигар Давид Санасарян эътирози худро идома медиҳад. Ҳарчанд ахиран зимни боздошт вай аз маҳалли мағзи сари худ осеб диду дар бемористон бистарӣ шуд, вале шом ба назди муътаризгарони дигар баргашту шабро бо онҳо якҷо саҳар кард.

Майдони Озодиро нерӯҳои тақвиятёфтаи пулис муроқибат мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки то шоми рӯзи панҷшанбе муътаризгарон қасд доранд барои идома эътирозоти худ наҳваҳои ҷадидеро рӯйи даст бигиранд ва куллияи алоқамандон метавонанд ба онҳо пешниҳодоти худро ироъа кунанд.

Пулис рӯи дастони худ муътаризгарони Ереванро берун меоварданд.

© RUPTLY.
Пулис рӯйи даст муътаризгарони боздоштшуда дар Ереванро берун меоваранд

Эътирозот дар пойтахти Арманистон баъд аз боло бурдани 16% қиммати нерӯи барқ оғоз шуд.

Мавзуҳо:
Идомаи тазоҳуроти эътирозӣ дар Ереван (3)

Мавзуъ

Тазоҳуротчиён дар Ереван зери борон суруд мехонданд ва рақс мекарданд
Барчаспҳо:
эътирози сокинон аз афзоиши қиммати нерӯи барқ, Давид Санасарян, Арманистон, Ереван

Мавзӯъҳои асосӣ