10:01 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Сарвазири вақти Италия Силвио Берлускони. Акс аз бойгонӣ

Берлускони барои ришва додан ба сенаторҳо се сол маҳкум шуд

© Sputnik / Сергей Гунеев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Тибқи фарзияи тафтишот, нахуствазири пешини Италия дар соли 2007 чанд сенаторро ба ҷонибдории худ ҷалб карда, сипас ба онҳо барои пайвастанашон ба эътилофи зери роҳбариаш пора додааст.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Собиқ нахуствазири Италия, яке аз сарватмандтарин афроди ин кишвар Силвио Берлускони бо иттиҳоми ришвадиҳӣ ба сенаторҳо дар соли 2007, бо қарори додгоҳи Неапол барои се сол равонаи зиндон гардид.

Тибқи фарзияи тафтишот, Берлускони, ки мухолифи ҳукумат дар соли 2007 маҳсуб мегардид, чанд сенаторро аз қаноти парлумон ба ҷонибдории худ моил карда, дар ҳукумат бӯҳронро ба вуҷуд овард ва бо ин роҳ соли 2008 ба сари қудрат омад.

Берлускони, ба назари тафтишот, ба сенатор Серджо Де Грегорио барои пайвастанаш ба эътилофи ӯ таҳти унвони "Хонаи озодиҳо" 3 миллион евро додааст.

Худи сенатор ҳам бо тафтишот ҳамкорӣ карда, алайҳи сиёсатмадори маъруф нишондод додааст. Грегорио ба мӯҳлати 20 моҳ аз озодӣ маҳрум шудааст.

Мурофиаи додгоҳии Берлускони моҳи феврали соли гузашта шурӯъ гардида буд. Аснои додгоҳи таҷдиди назар ва идомаи баҳси он сиёсатмадор имкон дорад дар озодӣ ба сар барад.

 

Барчаспҳо:
3 миллион евро ба сенатор, фасоди молӣ, ришвадиҳӣ, барои се сол равонаи зиндон гардидани Берлусконӣ, маҳкум шудани собиқ сарвазири Италия, нахуствазири Италия, додгоҳи Неапол, Серджио Де Грегорио, Силвио Берлускони, Неапол, Италия

Мавзӯъҳои асосӣ