21:58 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Бинои ВКХ ФР

ФР хостори шарҳи масдудшавии ҳисоби лондонии бонкии “Русия имрӯз” аст

© Sputnik / Максим Блинов
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Масдуд шудани ҳисоби бонкии ХБ “Русия имрӯз” дар Лондон дар фаъолияти минбаъдаи ин ниҳод дар Бритониё мавонеъ эҷод мекунад, изҳор доштааст вазорати хориҷии ФР ва аз мақомоти бритониёӣ дархости шарҳи чунин амрро тақозо кардааст.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Русия аз ҳукумати Бритониё дархост кардааст, ки сареъан авомили масдуд кардани ҳисоби бонкии ХБ "Русия имрӯз" дар бонки Barclays дар Лондонро тавзеъ диҳад, хабар медиҳад маркази матбӯъотии ин ниҳод.

"Ҷониби Русия аз мақомоти Бритониё дархост кард, ки сареъан мавзӯъи масдуд кардани ҳисоби бонкии хабаргузории давлатии Русия — ХБ "Русия имрӯз" — дар бонки Barclays дар лондонро тавзеъ диҳанд. Ҳисоби бонкӣ 8 июли соли 2015 ба ибтикори як ҷониб масдуд шудааст", — омадааст дар хабар.

Дар ВКХ зикр карданд, ки унвонии хабаргузорӣ ҳеҷ ҳушдоре ва ё огаҳие ворид нашудааст.

"Масъулони хабаргузориро дар бораи сарнавишти маболиғи ин ҳисоби бонкӣ огаҳ насохтаанд. Вазъи ба амаломада дар фаъолияти бузургтарин хабаргузории Федератсияи Русия дар қаламрави Бритониё монеъа эҷод мекунад", — зикр шудааст дар хабар.

Ба иттилоъи ин ниҳод ҳисоби бонкӣ дар пайи таҳримот алайҳи мудири кулли ХБ "Русия имрӯз" Дмитрий Киселев масдуд шудааст.

Мавзуъ

“Русия имрӯз” лавҳаи ҷадиди чандрасонаӣ дар бораи ҶБВ-ро пахш кард
Барчаспҳо:
тақозои тавзеъи далоили масдуд кардани ҳисоби бонкии "Русия имрӯз" дар Лондон, ВКХ Русия, Дмитрий Киселев, Бритониё, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ