03:31 20 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Офтоби тобистон дар Арктика. Акс аз бойгонӣ

Департаменти давлатии ИМА Русияро ба ҳамоиши Арктика даъват кард

© Sputnik / Роман Денисов
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Форуми ҳамкории байналмилалӣ дар минтақа рӯзҳои 30-31 август дар Анкориҷ (иёлати Аляска) сурат мепазирад ва намояндагони Русия низ ба феҳрасти ширкаткунандагон шомил мебошанд.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Амрико аз Русия даъват кардааст, ки дар анҷумани ҳамкории иқтисодӣ оид ба Арктика, ки моҳи август дар Анкориҷи Аляска баргузор мешавад, иштирок намояд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба дафтари матбуотии департаменти давлатӣ.

"Департаменти давлатии ИМА аз роҳбари вазорати умури хориҷаи ФР, масъулини баландпояи ҳафт кишвари минтақаи арктикӣ ва сохторҳои байниҳукуматӣ, инчунин ашхоси хоҳишманд  даъвати ширкат дар форумро кардааст",- омадааст дар иттилоъия.

Сухан аз ҷумла дар бораи Русия, Канада, Олмон, Финляндия, Фаронса, Олмон, Чин, Исландия, Ҷопон, Корея, Нидерландия, Норвегия, Лаҳистон, Сингапур, Испания, Шветсия, Британияи Кабир ва ИА меравад. Интизор меравад, дар ҷараёни нишаст бештари роҳбарони вазороти ИМА низ ширкат кунанд.

Иштирокчиёни конфронс таваҷҷӯҳи асосиро ба "масоили марбут ба мушкилот"-е, ки ҳоло руёрӯи Арктика қарор доранд, равона месозанд.

Гуфтанист, дар ҳамоиш суханронии президенти ИМА Барак Обама дар назар аст.

Барчаспҳо:
таваҷҷӯҳи аслӣ, масоили зарурӣ, ҳамоиш дар Арктика, департаменти давлатии ИМА, президенти ИМА, Иттиҳоди Аврупо, ИА, Барак Обама, Арктика, ИМА, Анкориҷ, Аляска

Мавзӯъҳои асосӣ