Сироҷиддин Аслов: мо мухолифи таҳримҳои зидди Русия ҳастем

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкВазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов гуфт, кишвараш мухолифи таҳримҳои алайҳи Русия аст, зеро ин таҳримҳо ба вазъи Тоҷикистон низ таъсир мегузоранд.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Русия аст, зеро он кишвар шарики стратегист ва "ин таҳримҳо ба иқтисодиёти мо низ таъсир мегузоранд", менависад "Радиои Озодӣ".

Парчами ИА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба Русия таҳримҳои ҷадид таҳдид мекунанд?

Вай гуфтааст, дар он кишвар муҳоҷирони тоҷик зиёданд ва "аз сӯи дигар Русия аз кишварҳоест, ки мизони табодули боло дорад. Мо аз роҳи дипломатӣ барои аз байн бурдани таҳримҳо кӯмаку мусоидат мекунем."

Ҷаноби Аслов афзудааст, дар даври ахири муколамаи сиёсии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида Амрико масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи башар, ҳамкориҳои низомӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ дар меҳвари баҳс қарор доштанд.

"Дар сафар ба Иёлоти Муттаҳида барои панҷумин даври машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Амрико мо бо раҳбарияти Департаменти давлатии Амрико ва ҳамчунин сарони чанде аз вазоратҳои ин кишвар мулоқотҳо доштем. Дар ин мулоқотҳо масъалаҳои ҳамкориҳои низомӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ҳамкориҳои иқтисодӣ, кӯмакҳои башардӯстона ва ғайра баррасӣ шуданд. Чӣ саволҳое, ки онҳо доштанд, мо ҷавоб додем, чӣ саволҳое, ки мо доштем, онҳо ҷавоб доданд", — гуфтааст Аслов.

Вазир дар бораи ҳамкориҳо бо Ӯзбакистон гуфтааст, ҷаласаи ҳайати байниҳукуматӣ дар Тошканд дар сатҳи хуб гузашт, гарчанде ягон хуҷҷат имзо нашуд ва ин гуна мақсаде ҳам набуд.

"Дар Тошканд моро хуб қабул карданд ва тавофуқҳои шифоҳӣ низ муассир буд. Ин ҷаласа сабаб шуд, ки ниҳодҳои ду кишвар аз ҷумла Роҳи оҳани ду кишвар фаъол шуд. Баргузории намоишгоҳҳо, табодули ҳайатҳои фарҳангӣ ва олимон дастур дода шуд. Умедворем то ҷаласаи дигар, ки дар Душанбе доир мешавад, ҳамкориҳо бештар густариш меёбанд", — илова кардааст Аслов.

Лентаи хабарҳо
0