Шӯрои давлатӣ инфиҷорҳо дар Тянтсзинро таҳқиқ мекунад

© AP / Ng Han GuanАвоқиби инфиҷорҳо дар Тянтзин. 15 августи соли 2015
Авоқиби инфиҷорҳо дар Тянтзин. 15 августи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи кории Шӯрои давлатии Чин мушахассоти қазияи инфиҷорҳо дар Тянтсзинро таҳқиқ мекунад. 10 нафар аз масъулони ширкате, ки дар анбораш маводди хатарзо нигаҳдорӣ мешуданд, боздошт шудаанд.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Шӯрои давлатии Чин гурӯҳи корӣ барои таҳқиқи авомили инфиҷорҳо дар Тянтсзинро таъсис дод, хабар медиҳад рӯзи сешанбе ин ниҳод.

Тибқи иттилоъи ин баёния гурӯҳи корӣ аллакай ба бозрасии ин қазия шурӯъ кардааст. Дар хабар омадааст, ки "муҷримон муҷозоти сангин хоҳанд шуд". Муовини вазири амнияти ҷамъиятии Чин Ян Хуаннин раҳбари ин гурӯҳ таъйин шудааст.

Рӯзи сешанбе расонаҳои чинӣ хабар дода буданд, ки раҳбарияти баландмақоми ширкати Ruihai Logistics, ки молики ин анбор аст, ҳанӯз субҳи 13 август баъд аз вуқӯъи инфиҷорҳо боздошт шудаанд.

Таркиш дар Тянтсзин: садҳо захмӣ ва 44 кас қурбон шуданд

Ба иттилоъи рӯзномаи "Жэнмин жибао" дар маҷмӯъ 10 нафар боздошт шудаанд.

"Раиси раёсати ширкати Ruihai Logistics Юй Сюэвэй, муъовини раиси раёсат Дун Шэсюан ва боз ҳашт нафари дигар субҳи 13 август боздошт шудаанд", — омадааст дар хабари рӯзнома.

Дар ҳамин ҳол ба иттилоъи нашрияи Тсайтзин ба ҳангоми боздошт чаҳор нафар дар бемористон қарор дошта ва шаш нафари дигар ба иттиҳоми ибтикори ҷиноят боздошт шудаанд.

Ширкати Ruhai Logistics, ки соли 2011 таъсис шудааст, барои анҷоми умури марбут ба маводди хатарзо барои муддати аз моҳи апрел то моҳи октябри соли 2014 муҷаввиз дарёфт карда буд. Ба иттилоъи хабаргузории Синхуа ширкат ҳатто баъд аз поёни мӯҳлати муҷаввиз умур бо маводди хатарзоро қатъ накардааст. Ин иттилоъро ба хабаргузорӣ намояндаи ширкат низ таъйид кардааст.

Инфиҷор дар анбори маводҳои хатарнок дар Тянтсзин. Навори шоҳидон

Ба иттилоъи Синхуа дар моҳи июни соли 2015 Ruihai Logistics боз ҳам муҷаввизи умур бо маводди хатарзоро дарёфт кардааст, аммо ҷузъиёти бозрасӣ ҳанӯз ифшо нашудаанд, зикр мекунад хабаргузорӣ.

Асноди ширкат низ собит мекунанд, ки ин ниҳод аз бозрасӣ гузаштааст ва ҳамакнун метавонад муҷаввиз дарёфт кунад, аммо ҷузъиёти ин бозрасӣ ифшо нашудаанд, менависад хабаргузорӣ.

Ба навиштаи Синхуа натоиҷи баргузории ҳамапурсӣ дар миёни 128 нафар сокини маҳаллоти атроф шубҳаомез будааст, зеро "бештаре аз сокинони маҳаллӣ аз ин тарҳ пуштибонӣ карда изҳор доштаанд, ки даъвое надоранд".

Дар ҳамин ҳол сокинони маҳаллоти атрофи корхона иддаъо доранд, ки дар бораи вуҷуди анбори ҳомили маводди хатарзо дар наздикии манозили худ иттилоъ надоштаанд.

Сохтмончӣ Vanke, ки бинояш ҳангоми инфиҷорҳо осеб бардоштааст, хабар дод, ки ба ҳангоми харидории ин қитъаи замин дар соли 2010 дар анбор танҳо маводди маъмулӣ нигаҳдорӣ мешуданд. Ин ширкатро касе огаҳ насохтааст, ки дар 560 метрӣ аз манозили маскунӣ анбори ҳомили садҳо тонна маводди химиявии зарарнок вуҷуд дорад, менависад Синхуа.

Лентаи хабарҳо
0