06:17 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945

Силсилаи ҷадиди “15 зарбаи артиши Сурх” мунташир шуд

© Sputnik / РИА Новости
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

“Россия сегодня” тарҳи бахшида ба 70- мин солгарди Пирӯзӣ – “15 зарбаи артиши Сурх бар Олмони фашистӣ ва Ҷопони миллатгаро” муъаррифӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. ОИБ "Россия сегодня" дар чаҳорчӯби тарҳи "15 зарбаи артиши Сурх алайҳи Олмони фашистӣ ва Ҷопони миллатгаро" чанд матлаби чандрасонаӣ дар бораи амалиёти Балатонро мунташир кард.

Навори видеоӣ ва аксҳо дар бораи озодкунии Маҷористон ва охирин ҳамлаи бузурги олмониҳо дар минтақаи кӯли Балатонро қисса мекунанд.

Дар ҷараёни ин амалиёт низомиёни шӯравӣ тавонистанд алайҳи ҳамлаи Олмон зери унвони "Бедории баҳорӣ" муқобала кунанд. Артиши Сурх аз талоши душман барои раҳ ёфтан ба Дунай ва азсаргирии дифоъ дар соҳили самти ғарбии он ҷилавгирӣ карданд, нерӯҳои олмонӣ аз мудофиъа баҳам заданд ва ба ин тартиб шароит барои ҳамлаи муваффақ ба Вена фароҳам карда шуд.

"Озодии Маҷористон" — дувоздаҳумин бахши видеоиву аксӣ аз матолиби чандрасонаии "15 зарбаи артиши Сурх" мебошад.

Дар сомонаи хабаргузорӣ метавонед аз матолиби дигари чандрасонаӣ, назири матлаб дар бораи набарди Курск ва Сталинград, ҳамчунин муҳосираи Ленинград, озодкунии қисмати соҳили ростии Украина ва амалиёти Виборгу Петрозаводскро дидан кунед.

Барои тарҳи чандрасонаии "15 зарбаи артиши Сурх" коршиносони ОИБ "Россия сегодня" харитаҳои дақиқ, тасвирбаёнҳо таҳия шуда аз наворҳои ведоӣ, аксии бойгонии Кумитаи радио ва телевизион ва худи хабаргузорӣ истифода шудаанд.

 

Мавзуъ

Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶБВ аз Тоҷикистон
Муъмин Қаноат: корнамоии тоҷикон дар ҶБВ набояд фаромӯш шавад
Барчаспҳо:
нашри китоб, матлабҳо, дар бораи ҷанг, интишори матолиби чандрасонаӣ, ОИБ "Россия сегодня", "Россия сегодня", Маскав, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ