22:24 21 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Пули Дӯстӣ дар марзи миёни Куриёи Шимолӣ ва Ҷанубӣ. Акс аз бойгонӣ

Расонаҳо: Куриёи Шимолӣ ба партоби мушакҳо омодагӣ мегирад

© AP / Choo Youn-kong, Pool
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Ба иттилоъи хабаргузории Ренхап Куриёи Шимолӣ мушаки кӯтоҳпарвози навъи “Скад” ва мушаки миёнапарвози навъи “Нодон”-ро барои партоб омода кардааст.

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Куриёи Шимолӣ ба партоби мушакҳои кӯтоҳпарвоз ва миёнапарвоз омодагӣ мегирад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба гузориши хабаргузории Ренхап, ки рӯзи ҷумъа бо истинод ба манбаъаш дар ҳукумат дар ин бораи хабар додааст.

"Нишонаҳое вуҷуд доранд, ки Куриёи Шимолӣ барои партоб мушаки кӯтоҳпарвози навъи "Скад"-ро дар наздикии шаҳри Вонсан дар шимолу шарқи кишвар ва мушаки миёнапарвози навъи "Нодон" дар вилояти Пхёнан-Пукторо омода кардааст", — хабар додааст манбаъ. Мусоҳиби хабаргузорӣ тавзеъ дод, ки чунин иттилоъ дар пайи пажӯҳиши низоми назоратии якҷо бо ИМА ба даст омадааст.

"Чунин ба назар мерасад, ки Куриёи Шимолӣ вобаста ба аҳдофи стратегӣ ва наҳваи ташаннуҷи вазъ дар нимҷазираи Куриё то ҳадди ақал замони партоби мушакҳоро ба таъхир давровардааст", — гуфтааст манбаъ.

Дар нимҷазираи Куриё вазъ баъд аз он ки Шимолу Ҷануб рӯзи панҷшанбе алайҳи ҳамдигар гулӯлаборон карданд, муташанниҷ шуд. Куриёи Ҷанубӣ изҳор дошт, ки аз сӯйи Куриёи Шимолӣ ду гулӯла партоб шуданд. Пхенян ин иддаъоро такзиб карда пофишорӣ дорад, ки гулӯлаборон аз сӯйи Ҷануб шурӯъ шудааст. Баъд аз ин Куриёи Шимолӣ шарт гузошт, ки дар тӯли 48 соат баландгӯякҳо дар минтақаи ғайринизомӣ барчида шаванд, ки тавассути онҳо Куриёи Ҷануби алайҳи Шимолӣ таблиғоти мақомоти ин кишварро анҷом медиҳад. Субҳи рӯзи ҷумъа Ким Чен Ин фармон дод, ки артиш ба вазъи омодабош қарор дода шавад. Куриёи Ҷанубӣ посух дод, ки баландгӯякҳоро барнамечинад ва барои муқобалаи низомӣ омода аст.

Мавзуъ

ВАО: вазири дифоъи Куриёи Шимолӣ ба далели ғанаб карданаш эъдом шуд
Барчаспҳо:
ташаннуҷи вазъ, Ким Чен Ин, Куриёи Ҷанубӣ ва Шимолӣ

Мавзӯъҳои асосӣ