Чуркин: наздикшавии мавқеъи Кохи сафеду Кремл дар мавриди Сурия

Обуна шудан
Ба назари дипломат, мавқеи Кохи сафеду Кремл дар мавриди ҳалли низоъи Сурия ба ҳам наздик омадаанд. Далели ин “қаробат”-ро ӯ дар рӯзафзун шудани таҳдидҳои ношӣ аз созмони террористии “Давлати исломӣ” медонад.

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Мавқеъи Кохи сафед дар робита ба сарнагун кардани ҳукумати Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия дар муқобили афзоиши таҳдидҳои "Давлати исломӣ" тағйир ёфтааст, мегӯяд намояндаи доимии Русия дар СММ, Виталий Чуркин.

"Ман фикр мекунам, мо имрӯз як назари муштарак бо Иёлоти Муттаҳида ва ҳукумати Амрико дорем. Онҳо намехоҳанд, ҳукумати Башшор Асад суқут кунад. Онҳо мехоҳанд, алайҳи "Давлати исломӣ" тавре мубориза кунанд, ки на бар зарар ва на ба манфиати ҳукумати кунунии Сурия бошад»,- иброз дошт Чуркин дар суҳбат бо шабакаи телевизионии Си-би-эс.

СММ: 25 ҳазор хориҷиён алайҳи ҳукуматҳои Сурия ва Ироқ меҷанганд

Ӯ инчунин таъкид кард, ки муносиботи Русияву Амрико дар робита ба ҳаводиси Сурия дар ҳоли ҳозир ба ҳам наздик мешаванд.

"Онҳо ҳоло мураккабии вазъиятро хеле амиқ эҳсос кардаанд. Барои ман комилан возеҳ аст, ки фурӯпошии режими Башшор Асад ҳукумати Амрикоро хеле нигарон кардааст. Чун дар ин ҳол "Давлати исломӣ" шаҳри Димишқро тасарруф мекунаду ба ин Иёлоти Муттаҳидаро айбдор менамоянд",- изҳор дошт дипломати Русия.

ИМА барои ба истеъфо рафтани ҳукумати Башшор Асад талош дорад. Аз ин рӯ, зидди ҳар гуна кӯмак ба он мебошад. Ҷониби Русия аз "эътилофи байналмиллалӣ" борҳо даъват карда буд, таҳти сарпарастии Шӯрои амният дар мубориза алайҳи "Давлати исломӣ" бо ҳукумати кунунии Сурия ҳамкорӣ намоянд. Қаблан вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров гуфта буд, ки Маскав ҳеч гоҳ кӯмакҳои низомии худ ба режими Асадро барои мубориза бо терроризм пинҳон накардааст.

Аз моҳи марти соли 2011 ба ин сӯ, дар Сурия ҷангҳо идома дошта, тибқи омори расмии СММ дар пайи он беш аз 220 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Ин даргириҳои мусаллаҳона миёни неруҳои ҳукумати Сурия ва гуруҳҳои мусаллаҳи марбут ба доираҳои гуногун идома дорад. Дар ин даргириҳо бештар гуруҳҳои марбут ба созмониҳои террористии "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳа ан-Нусра" мебошанд.

© Инфографика"Давлати исломӣ"
Давлати исломӣ - Sputnik Тоҷикистон
"Давлати исломӣ"

 

Лентаи хабарҳо
0