00:57 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Силоҳ ва тирҳо. Акс аз бойгонӣ

ВАО: дар Амрико писарбачаи 11-сола ҳамсояи худро парондааст

© wikimedia.org
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Писарбачаи 11-сола ҳамсояи 8-солаи худро ҳадафи тири силоҳи 12 калибрии падараш қарор додааст. Ба қавли ҳамсояҳо, ин ноболиғон барои сагбачае бо ҳам баҳс кардаанд.

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Донишомӯзи синфи 5-и яке аз макотиби миёнаи Амрико дар пайи як баҳс барои сагбача ҳамсояи 8-солаи худро бо силоҳи падараш ба қатл расондааст, менависад, РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии WBIR.

Сокинони шаҳристони Уайт Пайн бо шунидани садои тир пулисро даъват кардаанд ва кормандони пулис ҳам ҳангоми расидан ба макони ҳодиса духтарчаи 8-солаеро пайдо кардаанд, ки аз ноҳияи қафаси сина тир хурдааст. Баъд аз интиқоли ӯ ба беморхона табибон аз маргаш хабар додаанд.

Сардори пулис Бад МакКуаг (Bud McCoig) гуфтааст, писарбачаи 11-сола ҳамсояи 8-солаи худро бо силоҳи 12 калибрии падараш ба қатл расондааст. Ӯ аз ироаи ҷузъиёти бештар дар мавриди далели даст задани ин писарбача ба куштор худдорӣ кардааст. Аммо ҳамсояҳо гуфтаанд, ноболиғон барои сагбачае бо ҳам баҳс кардаанд.

Ҳоло ин писарбачаи 11-сола аз ҷониби Додгоҳи ноболиғон дар куштори дараҷаи аввал гунаҳкор дониста шуда, дар ҳасб қарор дорад ва эҳтимоли гирифтори бемории руҳӣ будани ӯ ҳам мавриди омӯзиш аст.

 

Барчаспҳо:
парондааст, тир, куштор, Амрико, куштор, Додгоҳи ноболиғон, Бад МакКуаг (Bud McCoig), Уайт Пайн, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ