23:20 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Нахуствазири Туркия Аҳмад Довудуғлу

Довудуғлу: бо Русия дар мавриди Сурия бархурди манофеъ надорем

Фотохост-агентство
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Туркия ва Русия ду кишвари ба ҳам дусту ҳамсоя мебошанд ва миёни онҳо ҳам дар мавриди Сурия ҳеч навъи бархурди манофеъ вуҷуд надорад. Аммо мо наметавонем, дар робита ба масоили амнияти марзҳои худ гузашт кунем, изҳор доштааст, нахуствазири Туркия Аҳмад Довудуғлу.

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Нахуствазири Туркия Аҳмад Довудуғлу рӯзи чаҳоршанбе гуфтааст, миёни Анқара ва Маскав дар мавриди ҳаводиси Сурия ҳеч гуна зиддияти манофеъ дида намешавад, менависад, РИА Новости.

"Мо дар мавриди Сурия бо Русия зиддияти манофеъ надорем. Аммо Маскав бояд нигаронии мо аз ҳаводиси ахирро бипазирад. Мо Русия дуст ва ҳамсоя мебошем, аммо Туркия дар масоили амнияти марзҳои худ гузашт нахоҳад кард", изҳор доштааст, ҷаноби Довудуғлу дар шарҳи қазияи нақҳзи ҳарими ҳавоии кишвараш аз сӯи ҳавопаймоҳои Русия.

Ӯ таъкид кардааст, ки буҳрони Сурия набояд ба буҳрони Туркия бо Русия табдил ёбад.

Барчаспҳо:
Сурия, марз, таъсири буҳрон, Туркия, Аҳмад Довудуғлу, Туркия, Сурия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ