ИА алайҳи Русия таҳримҳои нав эълон нахоҳад кард

© Sputnik / Антон ДенисовГурущи щамлагари Су-25СМ
Гурущи щамлагари Су-25СМ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи аршади Иттиҳоди Аврупо хабари расонаҳоро дар мавриди ин ки гӯиё дар пайи амалиётҳои низомии Русия дар Сурия таҳримҳо алайҳи Маскав афзоиш меёбад, такзиб кардааст.

Душанбе, 9 окт — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо масъалаи эълони таҳримҳои нав алайҳи Русияро дар пайи шурӯъи амалиёти низомии он дар Сурия ба баррасӣ нахоҳад гирифт, гуфтааст, як намояндаи аршади ин иттиҳод дар суҳбат бо РИА Новости.

Қаблан баъзе аз расонаҳо бо истинод ба манобеи худ дар Иттиҳоди Аврпуо хабар дода буданд, ки эҳтимол дорад, дар пайи шуруи амалиётҳои низомии Русия дар Сурия таҳримҳои нав алайҳи Кремл ҷорӣ карда шавад.

"Не, ин масъала баррасӣ нахоҳад шуд", — гуфтааст, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар посух ба суоли ин ки эҳтимол дорад, дар пайи шуруи амалиётҳо алайҳи Русия таҳримҳои нав эълон карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0