Димишқ ҳузури неруҳои хушкигарди Русия ва Эронро дар Сурия такзиб кард

© Sputnik / Дмитрий Виноградов / Гузариш ба медиабонкСарбозони Сурия. АКс аз бойгонӣ
Сарбозони Сурия. АКс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Димишқ мегӯяд, дар Сурия танҳо мушовирони низомии Эрон ҳузур доранд. Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки беш аз ҳазор низомии Эрон дар вилояти Ҳалби Сурия мебошанд.

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Хабарҳо дар мавриди ҳузури низомиёни хушкигарди Русия ва Эрон дар қаламрави Сурия асос надорад, гуфтааст, вазири иттилооти Сурия Умрон аз-Зоубӣ дар суҳбат бо телевизиони "ал-Маёдин"-и Лубнон рӯзи чаҳоршанбе.

Ҳавопаймои низомии МиГ-29. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймоҳои низомии Русия озими Сурия шуданд

"Аз Эрон танҳо мушовирони низомӣ дар Сурия мебошанд", — афзудааст, ӯ.

Қаблан хабаргузории Рейтер хабар дода буд, ки беш аз ҳазор низомии Эрон дар вилояти Ҳалби Сурия қарор доранд, ки барои гузаронидани амалиёти муштараки низомӣ бо сарбозони Ҳизбуллоҳ омодагӣ мебинанд.

Аз-Зоубӣ таъкид кардааст, ки дар тамоми амалиётҳои заминӣ танҳо неруҳои ҳукуматии Сурия ва гуруҳҳои довталаб иштирок доранд. Ӯ инчунин хабари расонаҳои Ғарб дар мавриди ҳузури низомиёни хушкигарди Русияро ҳам такзиб кардааст.

Дар навбатдории ҳарбӣ: Ми-24-и ФР дар ҳарими ҳавомии Сурия

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, муҳлати амалиётҳои низомии ҳавоии ин кишвар дар хоки Сурия маҳдуд хоҳад шуд ва эҳтимоли вуруди низомиёни хушкигарди рус ба қаламрави Сурияро ҳам рад кард.

Сар аз 30 сентябри соли равон Русия бо дархости расмии Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия амалиётҳои ҳавоӣ алайҳи созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро шуруъ кард, ки ҳамлаҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои низомии Су-24М, Су-34, Су-30СМ ва Су-25 анҷом дода мешаванд.

Тибқи иттилои мақомоти Русия аз аввали шуруи амалиёт неруҳои ҳавоии ин кишвар алайҳи ҷангиёни гуруҳҳои террористӣ дар қаламрави Сурия 112 зарба задаанд. Бар иловаи ин аз сӯи киштиҳои ҷангии Русия ҳам 25 мушаки круз сар дода шудааст.

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0