13:02 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0

Иштирокдорони ҷаласаи муовинҳои котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД аз фаъол шудани созмони террористии маъруф ба ДИИШ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кардаанд.

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Иштирокдорони ҷаласаи муовинҳои котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД, ки рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Маскав баргузор шуд, бар ин боваранд, ки ҷангиёни гирдиҳамомадаи ДИИШ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва Туркманистон хатар доранд.

Ҷаласаи муовинҳои котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД бо иштироки сафири Эрон дар Русия ва намояндаи сафорати Чин дар Маскав баргузор гардид.

"Иштирокдорони ҷаласа таъкид карданд, ки манбаи аслии хатар ба кишварҳои узви СПАД Афғонистон мебошад", — навиштааст, дафтари матбуоти СПАД.

Таҳдидҳо аслӣ афзоиши қочоқи маводи мухаддири истеҳсолшаванда дар Афғонистон, фаъол шудани гуруҳҳои террористию ифротӣ дар қаламрави ин кишвар ва хатари ворид шудани онҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама ба Тоҷикистон ва Туркманистон маҳсуб мешаванд.

"Инчунин аз ворид шудани ҷангиёни ДИИШ ба хоки Афғонистон, ки шумори онҳо ҳоло аз 2 то 3 ҳазор арзёбӣ мешавад, нигаронӣ шуд", — афзудааст, манбаъ.

Аз ин рӯ, иштирокдорони ҷаласа бештар рӯи тавсеаи нигаришҳои муштараки кишварҳои узви СПАД, Эрон ва Чин бар зидди ДИИШ, аз ҷумла ошкор ва аз байн бурдани роҳу масирҳои ҷалб ва интиқолии шаҳрвандони ин кишварҳо ба ҷангҳои хориҷӣ тамаркуз кардаанд.

Ин нигарониҳо дар ҳолест, ки ахиран намояндаи доимии Русия дар НАТО Александр Грушко гуфта буд, ба қаламрави Афғонистон алакай 4 ҳазор ҷангии ДИИШ ворид шуда, шумори онҳо рӯз аз рӯз меафзояд. Ин дипломати аршади рус таъкид кард, ки неруҳои амнияти милии Афғонистон худ ба танҳоӣ дигар наметавонанд, ба мушкилоти ин кишвар расидагӣ намоянд, чун алакай ба қаламрави он 4 ҳазор ҷангии созмони террористии "Давлати исломӣ" ворид шуд.

Барчаспҳо:
Туркманистон, ДИИШ, СПАД, Афғонистон, Тоҷикистон, ДИИШ, СПАД, ИДМ, Туркманистон, Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ