Амалиёти низомии Фаронса дар Сурия баъд аз ҳаводиси Порис

© AP Photo/Laurent CiprianiҲазорҳо сокинони Порис аз қурбониёни ҳамлаҳо ёд карданд
Ҳазорҳо сокинони Порис аз қурбониёни ҳамлаҳо ёд карданд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини Созмони нозири ҳуқуқи башари Сурия, ки мақарраш дар Лондон аст, гуфтаанд, то ҳол дар бораи талафоти ин ҳамлаҳо гузориш нагирифтаанд.

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Ҳавопаймоҳои низомии Фронса дар пайи ҳамлаҳои хунини 13 ноябри Порис бомбборон кардани мавзеъҳои созмони террористии маъруф ба ДИИШ-ро дар хоки Сурия оғоз кардаанд, иттилоъ додааст Вазорати дифои ин кишвар.

Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи террористӣ дар Порис

Ба қавли масъули баландпояи Вазорати дифои Фаронса, то субҳи 15 ноябр ҳавопаймоҳи ҷангии ин ниҳод 20 бом ба минтақаҳои таҳти идораи ДИИШ дар шаҳри Раққаҳи Сурия партофтаанд, ки анбори аслиҳа ва як тамрингоҳи ин созмони террористиро нобуд кардаанд.

Вазири умури хориҷии Фаронса Лаурент Фабиус рӯзи 15 ноябр дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои "Гурӯҳи 20" дар Туркия гуфтааст, ин бомбҳо ба хотири муҳофизат аз кишвараш партофта шудаанд.

"Мо ҳамлаҳои ДИИШ-ро бепосух нахоҳем гузошт", — таъкид кардааст ӯ.

Валс: ҳамлаҳои Порис аз Сурия ташкил ва роҳандозӣ шуданд

Масъулини Созмони нозири ҳуқуқи башари Сурия, ки мақарраш дар Лондон аст, гуфтаанд, то ҳол дар бораи талафоти ин ҳамлаҳо гузориш нагирифтаанд.

Шаби 13 ба 14 ноябри соли равон дар умум дар 6 минтақаи пойтахти Фаронса таркишу тирпарониҳо сурат гирифт. Аз ҷумла он шаб афроди номаълум ба ошхонае дар округи 10-уми шаҳри Порис ва бинои театри "Батаклан ворид шуда, ҷониби ҳунармандон ва тамошобинон оташ кушодаанд.

Инчунин он шаб дар наздикии варзишгоҳи "Стад де Франс", ки дар он вохурии дустонаи дастаи мунтахаби футболи Фаронсаву Олмон дар ҳузури президент Франсуа Оланд ва афроди дигари баландпояи ду кишвар идома дошт, се таркиши дигари мудҳиш аз сӯи маргталабон ба вуқуъ пайвастааст.

Шумори қурбониёни ин ҳамлаҳои ҳаросафкании Порис наздик ба 130 нафар арзёбӣ мешавад. Ин ҳамлаҳои ҳаросафкании шаби 13 ноябр дар таърихи Фаронса бесобиқа буда, вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард. Раҳбарони давлатҳои аксари ҷаҳон, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамлаҳоро ғайриинсонӣ хонда, шадидан маҳкум кард.

 

Лентаи хабарҳо
0