ВАО: ҳавопаймои низомие дар марзи Сурия бо Туркия суқут кардааст

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкВазъ дар марзи Сурия бо Туркия
Вазъ дар марзи Сурия бо Туркия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Навъи ҳавопаймо ва ба кадом кишвар тааллуқ доштани он ҳанӯз маълум нест. Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Туркия навиштаанд, неруҳои ҳавоии турк як ҳавопаймои бегонаро баъд аз он ки ҳарими ҳавоии ин кишварро нақз кардааст, ба замин сарозер кардаанд.

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Як ҳавопаймои низомии ношинос дар қаламрави Сурия, наздикиҳои марзи Туркия суқут кардааст, менависад РИА Новости бо истинод ба телевизиони "Haberturk TV"-и Туркия.

Ин шабакаи телевизионии Туркия дар бораи навъи ҳавопаймо ва ба кадом кишвар тааллуқ доштани он чизе нагуфтааст.

Тафсилоти бештари ин қазия дар ҳоли муайяншавист.

Лентаи хабарҳо
0