ВАО: ИМА аз интиқоли маҷмааи С-400 ба Сурия нигарон аст

© Sputnik / Артем Житенев / Гузариш ба медиабонкПусковая установка зенитной ракетной системы комплекса С-400 "Триумф". Архивное фото
Пусковая установка зенитной ракетной системы комплекса С-400 Триумф. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи сешанбе ҳавопаймои низомии "Су-24"-и Русия дар Сурия сарнагун шуд.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Низомиёни ИМА аз тасмими Русия барои фиристодани маҷмааи замонавии зиддимушакии С-400 ба пойгоҳи низомии "Хмеймим"-и Сурия, ки дар он неруҳои рус мустақаранд, нигарон мебошанд, навиштааст РИА Новости бо истинод ба хабаргузорӣ Франс Пресс.

Рӯзи чаҳоршанбе вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, ин ниҳод ба пойгоҳи ҳарбии "Хмеймим"-и Сурия, ки дар он неруҳои рус мустақаранд, маҷмааи замонавии зиддимушакии С-400 интиқол медиҳад.

Ҳавопаймои низомии МиГ-29. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймоҳои низомии Русия озими Сурия шуданд

"Ин маҷмааи муассири низомиест, ки барои касе ҳам набошад, таҳдиди ҷиддие хоҳад дошт. Баъзе аз нигарониҳо дар робита ба амалиёти ҳавоӣ дар Сурия вуҷуд дорад", гуфтааст як манбаи амрикоӣ бидуни бурдани номаш дар суҳбат бо Франс Пресс.

Манбаи дигари хабаргузорӣ гуфтааст, ки мустақар шудани маҷмааи зиддимушакии С-400 дар пойгоҳи "Хмеймим" набояд ба кори эътилоф дар Сурия халал расонад.
Рӯзи сешанбе ҳавопаймои низомии "Су-24"-и Русия дар Сурия сарнагун шуд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ин ҳавопаймо тавассути зарбазани "F-16"-и марбут ба неруҳои турк дар қаламрави Сурия, дар 4 километрии марзи Туркия ба замин сарозер гардид. Ҷаноби Путин ин қазияро ҳамчун "задани ханҷар аз пушт" аз ҷониби шарикони террористҳо хонд.

Лентаи хабарҳо
0