10:20 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Зарбазани Tornadoи нерӯи ҳавоии Бритониё. Акс аз бойгонӣ

Ҳамлаи зарбазанҳои Бритониё алайҳи ДИИШ дар хоки Сурия

© AP / Donato Fasano
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Ду ҳавопаймои Торнадои Бритониё алайҳи ДИИШ дар хоки Сурия амалиётеро анҷом доданд.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ҳавопаймоҳои низомии Бритониё ҳамлаҳои аввалини худ ба хоки Сурияро анҷом доданд, навиштааст РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Рейтер.

"Зарбаҳо ба хоки Сурия зада шуданд", — гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло зарбазанҳои "Торнадо" ба пойгоҳ баргаштаанд. Иттилои дигаре надодааст.

Чанд дақиқа қабл аз нашри ин хабар хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ иттилоъ дод, ки аз чаҳор ҳавопаймои низомии "Торнадо" ду тоаш бидуни маҷмуаҳои ҷангӣ ба пойгоҳи низомии "Акротирӣ" дар Қибрис, ба маконе, ки барои анҷоми амалиёт алайҳи ДИИШ аз онҷо парвоз карда буданд, баргаштанд.

Намояндаи Вазорати дифои Бритониё ҳам ба шарти ифшо нашудани номаш дар суҳбат бо хабаргузории Ассошиэйтед Пресс анҷоми амалиёти мазкурро тасдиқ кардааст. Дар мавриди ҳадафи нерӯи ҳавоии Бритониё баъдан иттилоъ дода мешавад, гуфтааст ӯ.

Чанд соати қабл парлумони Бритониё ба нерӯи ҳавоии кишвараш иҷоза дод, то алайҳи ДИИШ дар хоки Сурия амалиёт анҷом бидиҳад.

Ин кишвар чанд рӯзи қабл ҳам саффи нерӯи ҳавоии худ дар минтақаро ду баробар афзоиш дода буд.

Мавзуъ

Амалиёти дуюми нерӯи ҳавоии Фаронса алайҳи ДИИШ
Олланд бо ДИИШ ҷанг эълон кард
Чанд ҳазор ҷангии ДИИШ аллакай вориди Афғонистон шудаанд
Барчаспҳо:
нерӯи ҳавоӣ, Торнадо, зарба, амалиёт, ҳавопаймо, ҳамла, хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, Бӣ-Бӣ-Сӣ, Рейтер, ДИИШ, Бритониё, Сурия

Мавзӯъҳои асосӣ