20:40 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Сабзиҷот

Таҳримҳои Русия боиси поинравии арзиши маҳсулоти Туркия то 40% шудааст

© Sputnik / Алексей Мальгавко
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Суқути Су-24-и Русия: сабаб ва пайомадҳои он (18)
30 0 0

Ӯ аз ҳукумати Туркия даъват кардааст, ки фавран барои ҳифзи соҳаи кишоварзии худ иқдомҳои заруриро рӯи даст бигирад.

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Таҳримҳои иқтисодии эълонкардаи Маскав алайҳи Анқара боиси поинравии қиммати яклухти сабзиҷот ва меваи туркӣ ба ҳисоби миёна то 40% шудааст, гуфтааст раиси Иттиҳоди палатаҳои кишоварзии Туркия Шамсӣ Байрактар.

Русия сар аз 1 январи соли 2016 воридоти як қатор маҳсулоти туркӣ, аз ҷумла гӯшту маҳсуолти мурғӣ ва мурғи марҷон, помидор, пиёз, караму гулкарам, бодиринг, афлесун, мандарин, зардолу нок, себ, ангур, олу ва тарбузро манъ хоҳад кард.

Равобити Анқараву Маскав баъд аз сарнагун шудани ҳавопаймоии зарбазани Су-24 тавассути ҳавопаймои ҷангии F-16-и Туркия дар хоки Сурия ба сардӣ гароид.

"Дар маҷмуъ 160 тонна сабзиҷоту меваи тару тозаи Туркия аз марзи Русия дубора ба кишвар бозпас фиристода шуданд. Албатта, ин миқдори бузурге нест, вале эълон шудани таҳримҳо аз ҷониби Русия сару садоҳои зиёдеро дар бозори маҳсулоти кишоварзии Туркия ба миён оварда, боиси поин рафтани арзиши ин навъи маҳсулот то ба 40% шудааст", изҳор медорад Байрактар дар як конфронси хабарӣ дар Анқара.

Ба гуфтаи ӯ, нархи яклухти як кило помидор аз 1,5-2 лири туркӣ то ба 1,3 лир поин рафта, арзиши як кило афлесун аз 0,5-0,6 то ба 0,3 коҳиш ёфтааст.

Байрактар илова кардааст, ки баъ аз эълон шудани ин таҳримҳои Русия дар бозори кишоварзии Туркия номуайянӣ ба вуҷуд омад, ки баъзе аз истеҳсолкунандагонро водор мекунад, ҳар чи зудтар маҳсулоти худро фурӯшанд ва дар натиҷа ин боиси поинравии нархҳо гардидааст.

"Баъзе аз тоҷирон баҳона пеш меоранд, ки соҳибкорон аз содироти маҳсулот ба Русия дар пайи эълони таҳримҳо фоида намебинанд ва бо ин роҳ мехоҳанд, бо нархи арзонтар аз ин бихаранд", — афзудааст ӯ.

Ӯ аз ҳукумати Туркия даъват кардааст, ки фавран барои ҳифзи соҳаи кишоварзии худ иқдомҳои заруриро рӯи даст бигирад.

Ба қавли раиси Иттиҳоди палатаҳои кишоварзӣ, Туркия дар давоми 10 моҳи соли равон бар ивази 763,8 миллион доллар маҳсуоли кишорварзӣ ба Русия содир кардааст.

 

Мавзуҳо:
Суқути Су-24-и Русия: сабаб ва пайомадҳои он (18)
Барчаспҳо:
соҳибкорон, яклухт, сабзиҷот, таҳрим, иқтисодӣ, харидорӣ, фурӯш, кишоварзӣ, Иттиҳоди палатаҳои кишоварзии Туркия, Шамсӣ Байрактар, Анқара, Туркия, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ