02:58 19 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Михаил Ходорковский. Архивное фото

Ходорковский таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор гирифт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Ходорковский, ки ҳоло дар хориҷа қарор дорад, ғоибона бо ҷурми ташкилу қасди куштори ду ва зиёда одам муттаҳам мешавад.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Молики пешини ширкати нафти ЮКОС Михаил Ходорковский таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дорад, иброз дошт намояндаи расмии Кумитаи тафтишотии Русия Владимир Маркин дар ҳузури хабарнигорон.

"Михаил Ходорковский дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад",- гуфт Маркин.

Ҳафтаи гузашта Кумитаи тафтишотӣ эълом дошт, ки дар қиболи Ходорковский бо ҷурми куштор ва қасди куштор парванда боз гардида, мавсуф зери пайгарди байналмилалӣ қарор дорад. Бар пояи фарзияи мақомот, ӯ дар солҳои навадуми садаи бист ба тобеъонаш Леонид Невзлин ва Алексей Пичугин дастур додааст, ки нақшаи куштори мири Нефтеюганск Владимир Петухов ва тоҷир Евгений Рибинро омода намоянд.

Ходорковский даъвати Кумитаи тафтишотро нодида гирифта, ба мақомот ҳозир нашуд. Ба гуфти сухангӯи соҳибкор Кюлле Писпанен, оқои Ходорковский аз тасмими Русия наметарсад ва нақшаҳои худро дигар карданӣ нест.

Барчаспҳо:
ҷустуҷуи байналмилалӣ, молики ширкати нафтӣ, ширкати ЮКОС, КТ ФР, Кумитаи тафтишотии Русия, Евгений Рибин, Владимир Петухов, Владимир Маркин, Михаил Ходорковский, Нефтеюганск, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ