20:12 19 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Зарбазани МИ-24 -и .русия дар пойгощи низомь дар Сурия

Ҳудуди 43%-и сокинони ФР ҷанги Сурияро ҳодисаи муҳими сол медонанд

© Sputnik / Дмитрий Виноградов
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Дар Сурия аз моҳи марти соли 2011 то имрӯз муноқишаи низомӣ идома дошта, тибқи иттилоъи СММ дар пайи ин даргириҳо 220 ҳазор нафар ҳалок шудааст.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. 43 дарсади шаҳрвандони Русия ҷанги Сурияро муҳимтарин ҳаводиси ҷаҳон хондаанд, гуфтааст раҳбари Маркази умумирусии омӯзиши афкори умум Валерий Федоров зимни як нишасти хабарӣ

"43%-и шаҳрванди Русия муҳимтарин ҳодисаи соли 2015-ро ҷанги Сурия хондаанд. Низои Маскав бо Анқараро танҳо 26%-и пурсидашудаҳо ҳодисаи муҳими сол гуфта, 11% бар ин назаранд, ки ҳодисаи сол сарнагун шудани ҳавопаймои мусофирбари Русия дар Миср аст ва 10% мегӯянд, ҳодисаи сол буҳрон, таваррум ва беқурбшавии рубл аст", — изҳор доштааст Федоров.

Бар иловаи ин, бар асоси натоиҷи таҳлили расонаҳои федеролии Русия, ба рӯйхати 3 рӯйдоди бузурги сол, ҷанг дар Украина, буҳрон дар Юнон ва ҳамлаи террористӣ дар Порис дохил шудааст.

Дар феҳристи ҳодисаҳои Русия суқути ҳавопаймои мусофирбар дар нимҷазираи Сино ҷойи аввал гирифта, баъд аз он сарнагун шудани ҳавопаймои Су-24 дар Сурия ва куштори Борис Немтсов қарор доранд.

Дар Сурия аз моҳи марти соли 2011 то имрӯз муноқишаи низомӣ идома дошта, тибқи иттилоъи СММ дар пайи ин даргириҳо 220 ҳазор нафар ҳалок шудааст.

Барчаспҳо:
муҳим, ҳаводис, сол, террористӣ, СММ, Маркази умумирусии омӯзиши афкори умум, Валерий Федоров, Юнон, Сурия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ