02:19 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Даромадгоҳи кинотеатри Ҷомӣ дар Душанбе

Филми қирғизӣ беҳтарин филм дар Осиё эълом шуд

© Sputnik Амир Исаев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2201

Филми қирғизӣ, ки ҷоизаи "Беҳтарин филми Осиё" соҳиб гардидааст, қиссаи Ҳобилу Қобил- фарзандони ҳазрати Одамро дар Осиё Марказӣ дар қиболи инсонҳои хокӣ ба намоиш гузоштааст.

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Филми коргардони қирғиз Далмира Тилепбергенова "Зери сақфи осмонҳо" ду ҷоизаи Ҷашнвораи байналхалқии Бангалори Ҳиндустонро ба даст овард, иттилоъ медиҳад "Бунёди рушди синамои Қирғизистон".

Ба навиштаи расонаҳои Бишкек ин филми қирғизӣ "Беҳтарин филми Осиё" унвон шудааст.

Тибқи иттилоъ, "Зери сақфи осмонҳо"- нусхаи замонавии нақли Инҷил дар бораи нахустфарзандҳои ҳазрати Одам-  Қобилу Ҳобил мебошад, ки дар яке аз рустоҳои дурдасти Осиёи Марказӣ такрор мешавад. Филм дар бораи инсонҳо, ишқ, талафот, хиёнат ва вафодорӣ нақл мекунад.

Маврид ба тазаккур аст, ки филми номбурда дар тобистони соли 2015 дар синамобазми Монреали Канада ба намоиш даромада, "Ҷоизаи махсуси доварон"-ро ба худ ихтисос дода буд.   

Мавзуъ

Аслӣ Бурҳонов – шоҳиди таъсиси синамо ва театри тоҷик
Барчаспҳо:
синамо, кино, қиссаи Ҳобилу Қобил, коргардонҳо, филмсозон, филми "Зери сақфи осмонҳо", Беҳтарин филми Осиё, Ҷашнвораи филмҳои осиёӣ, Ҳиндустон, Деҳлӣ, Бишкек, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ