16:48 20 феврали 2018
Пахши мустақим
Индукҳои ваҳшӣ. Акс аз бойгонӣ

Пулис хаткашонро аз чанголи “индукҳо”-и ваҳшӣ наҷот дод

© Flickr/ Buck Valley Ranch
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
55 0 0

Селаи мурғҳои марҷон атрофи нақлиёти хаткашонро печонида, садди роҳи ӯ шуданд, аз ин сабаб се нома ба дасти соҳибонашон дертар расиданд.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Пулиси иёлати Ню-Ҷерсии Амрико ба кумаки хаткашон, ки бо воситаи мошин номаҳои мардумро мебурд, расида, ӯро аз ҳуҷуми филмурғҳои ваҳшӣ наҷот доданд, иттилоъ медиҳад шабакаи NBC.

Сардори шӯъбаи пушта дар шаҳри Хилсдейл пас аз фаҳмидани ҳолати кормандаш, ки дар иҳотаи мурғони марҷони ваҳшӣ мондааст, ба пулис хабар дод. Ба ҷои ҳодиса ду корманди мақомот ҳозир шуда, индукҳора аз сари роҳи ҳаракати мошини хаткашон берун карданд.

Аз сабаби банд шудани роҳ хаткашон се мактубро ба соҳибонаш расонида натавонист.

Ба иттилоъи шабакаи телевизионӣ, чанд даҳсола қабл аз ин саршумори индукҳои ваҳшӣ коҳиш ёфта, дар ҳолати нобудӣ қарор доштанд. Ҳоло дар Ню-Ҷерсӣ теъдоди филмурғ зиёд шуда истода, марҳалаи барқароршавӣ идома дорад.     

Барчаспҳо:
ҳодиса бо хаткашон, мурғи марҷон, индук, филмурғ, Пулиси Хилсдейл, Хилсдейл, Ню-Ҷерси, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ