22:04 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Сарвари кулли Газпром- медиа Михаил Лесин. Акс аз бойгонӣ

Эҳтимоли гардиши куллӣ дар парвандаи Лесин: шояд кушта шуда бошад

© Sputnik / Илья Питалев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
36 0 0

Сарчашмаҳо мегӯянд, ҷароҳатҳое, ки дар бадани собиқ вазири матбуоти Русия Михаил Лесин ёфт шуданд, дар натиҷаи ҷанг бо одами номаълум, то баргаштани ӯ ба макони зисташ ба вуҷуд омаданд.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Мақомоти тафтишотии Амрико парвандаи марги вазири собиқи матбуоти ФР Михаил Лесинро омӯхта, тафтишотро аз рӯи намуди ҷинояти куштор оғоз карданианд,  иттилоъ медиҳад Рейтер бо истинод ба як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ИМА.

Ба навиштаи ин расона, ҳангоми азназаргузаронии ҳуҷраи меҳмонхона дар Вашингтон, моҳи ноябри соли 2015,  ки он ҷо ҷасади Лесин дарёфт шуд, муфатттишон дар бадани ӯ ягон аломати марги маҷбуриро дарёфт накарда буданд.

Пулиси пойтахти ИМА ҳамон замон, ҳисоботи мухтасарро дар бораи ҳодиса ба нашр расонд, ки тибқи он корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳуҷраи Лесин даромада, ӯро дарёфт карданд. Дар бораи сабаби марг танҳо гуфта шуда буд, ки ҷароҳатҳо ба силоҳи оташфишон тааллуқ надоранд.

Рӯзи ҷумъа сардори шуъбаи ташхиси тиббии Вашингтон Лашон Бимон аз натиҷаҳои экспертиза ба РИА Новости хабар дода гуфт, ки сабаби марги собиқ вазир "осеби кунд ва ҷароҳат дар ноҳияи сар"  мебошад.

Дар баробари ин рӯзномаи "New York Times" бо истинод ба корманди номаълуми ҳукумат мегӯяд, ҷароҳатҳое, ки дар бадани собиқ вазири матбуот Михаил Лесин ёфт шуданд, дар натиҷаи муноқиша бо одами номаълум, то баргаштани ӯ ба ҳуҷра ба вуҷуд омаданд.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков рӯзи ҷумъа изҳор дошт, ки Русия интизори дастрас кардани маълумоти пурра ва дақиқ дар бораи марги собиқ вазири матбуот аз ИМА аст. Худи ҳамон рӯз намояндаи расмии Вазорати хориҷии ФР Мария Захарова иброз дошт, ки дархостҳои зиёд ба ИМА фиристоданд, вале то ҳол ягон маълумоти дақиқ дар бораи рафти тафтишот  нагирифтаанд ва дар сурати тасдиқи маълумот ба ИМА дархости ёрии байналмиллалии ҳуқуқӣ равон хоҳад кард.

Михаил Лесин солҳои 1999-2004 ба ҳайси вазири матбуот, телевизион ва ВАО-и Русия фаъолият кардааст. Солҳои 2004-2009 мушовири президент оид ба матбуоту технологияи информатсионӣ буд. Аз 1 октябри соли 2013 то 12 январи соли 2015 дар курсии директори  "Газпром-медиа холдинг" менишаст.

Барчаспҳо:
марги маҷбурӣ, қазияи марги Лесин, ифтитоҳ, тафтишот, куштор, оҷонсии Рейтер, рӯзномаи The New York Times, Михаил Лесин, Мария Захарова, Дмитрий Песков, Вашингтон, Амрико, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ